Қатъи парвозҳо миёни Тошканд ва Исиқкӯл
Парвози ҳавопаймоҳо миёни шаҳрҳои Тошканди Ӯзбекистон ва Иссиқкӯли Қирғизистон, ки соли гузашта оғоз ёфта буд, қатъ шудааст. Дар ин бора намояндагони фурудгоҳи «Манас»-и Қирғизистон иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, парвозҳоро миёни ду шаҳр ҳавопаймоҳои ширкатҳои ӯзбекӣ анҷом медоданд. Вале рӯзҳои ахир фурудгоҳи «Тамчӣ» аз сурат гирифтани ин парвозҳо огоҳ карда намешавад.
Пештар баъзе аз расонаҳо ба нақл аз ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ» иттилоъ доданд, ки парвозҳо дар масири мазкур ба далели кам будани талабот қатъ шудаанд.
Парвозҳои мустақим аз Тошканд ба шаҳри Тамчии Қирғизистон моҳи июли соли гузашта оғоз шуданд. Тавре интизор мерафт, боз шудани ин масир мебоист ба афзоиши шумори сайёҳони ӯзбекистонӣ мусоидат мекард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ