Аз Хати тафсони Вазорати адлия истифода баред!
Ба Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ва сохторҳои он дар соли 2016 беш аз 74 ҳазор мавод оид ба масалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардид, ки назар ба соли гузашта қариб 4 ҳазор адад зиёд мебошад. 25 январ Рустам Шомурод, вазири адлия, гузоришашро дар бораи фаъолияти сохтори ҳуқуқии мазкур бо ҳамин иттилоъ оғоз кард.
Рустам Шомурод, аз ҷумла ба забон овард, ки дар бобати додани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ба сокинони кишвар бо ташаббуси Вазорати адлия, филиали ташкилоти «Хелветас свис интеркорпорейшн» ва Хазинаи авруосиёгии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон Хати тафсони телефонии рақами 3040 (горячая линия) таъсис дода шуд. Дар давоми сол ба ин хат 651 нафар вобаста ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ муроҷиат намуда, маслиҳатҳо гирифтанд.
Инчунин, аз ҷониби Маркази ёрии ҳуқуқии назди вазорати адлия ба аҳолии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Деваштич, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ноҳияҳои Ҷайҳун ва Восеи вилояти Хатлон ва шаҳри Ваҳдат се намунаи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа роҳандозӣ шуд.
Э.НАЗАРОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ