Қатли бародар аз дасти бародар (Видео)

Акмал Раҳматов аз гулӯи бародараш Олим, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, гирифта, ӯро буғӣ кард. Вақте Олим бемадор шуда, афтид, ӯро бо арғамчин ба сутун баст. Олими 47-сола дар ҳамин ҳолат бо дасту пои дар сутун баста ба ҳалокат расид. Аҳли оила мехостанд ин ҷиноятро пӯшонда, ҷасади Олимро ба хок супоранд, вале ташхис муайян кард, ки ӯро куштаанд.

Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар барномаи телевизионии «Сипар-Ахбори ВКД” ҷузъиёти куштори як бародар бо дасти бародари хуниаш дар ноҳияи Спитаменро нашр кард.

ВКД қаблан хабар дода буд, ки як сокини 51-солаи ноҳияи Спитамен шаби 31 марти соли 2018 ба манзили бародари 47-солааш, ки дар ҷамоати Тағояк зиндагӣ мекард, омада, «аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол карда, бо роҳи буғӣ кардан ӯро ба ҳалокат мерасонад. Ба зидди ин марди узбектабор бар асоси қисми якуми моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми куштор парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва ба ӯ аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Акбар Шарипов, сухангӯи РВКД вилояти Суғд дар гузоришаш мегӯяд, «вақте миёни аъзои оила номуросоӣ ва муносибати дурушт ҷой дорад, ҳамеша ҳаёти ин оиларо фазои носолим иҳота мекунад. Дар ҷамоати Тағояки ноҳияи Спитамен бародар аз дасти бародари ҳамхуни худ ба ҳалокат расид. Заминаи ин ҷинояти гӯшношунидаро маҳз ҳамин гуна беэҳтиромӣ нисбат ба якдигар гузоштааст.”

Олим Ёқубови 47-сола, ки он шаби шуми 31 март дар манзили истиқоматиаш дар кӯчаи Султонови ҷамоати Тағояк аз ҷониби бародараш Акмал Ёқубович Раҳматов, соли таваллудаш 1967 бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонда шуд, ба тӯйи фарзандаш омодагӣ медид. Акмал Раҳматов он шаб барои ёрӣ расондан ба тӯй ба хонаи бародараш омада буд.

Акмал Раҳматов мегӯяд, бародараш Олим Ёқубов дар ҳолати мастӣ қарор дошт ва бо писараш дар ин робита мунозираву ҷанҷол доштааст. Акмал Раҳматов низ ба ин муноқиша ҳамроҳ шуда, бародарашро ҷанҷол мекунад, ки арақнӯширо бас кунад.

Акмал Раҳматов дар гузориши ВКД мегӯяд: «Мо аз гиребони якдигар гирифтем. Ба ӯ гуфтам, ки то ба кай маст мегардӣ? Ӯро кашола кардам, ки афтид. Бо дастонам гулӯяшро маҳкам доштам.”

Акмал Раҳматов ҳамин тавр, бародарашро буғӣ карда, бемадор мегардонад ва дар сутун бо арғамчин мебандад. Олим Ёқубов дар ҳамин ҳолат бо дасту пои дар сутун баста ҷон додааст.

Аҳли ин оила ибтидо талош кардаанд, ки ҷиноятро пинҳон карда, ҷасади Олим Ёқубовро бо ин суханон, ки бо марги табии худаш мурдааст, ба хок супоранд.

Вале дар натиҷаи ташхис дар бадани ин сокини ҷамоати Тағояк аломатҳои марги маҷбуриро мушоҳида карда, ҳамчун гумонбар бародари ӯро ба ҳабс гирифтанд. Акмал Раҳматов дар рафти бозпурсӣ даст доштанаш дар куштори бародари худро эътироф кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *