Қатли Ёрмурод дар Екатеринбург

Дар шаҳри Екатеринбурги Русия аз ҷониби чор нафар миллатгароёни рус Ёрмурод Ҷӯраев ном ҷавони тоҷик бераҳмона ба қатл расонда шуд. Падари марҳум-Боймурод Ҷӯраев ба хабарнигорон ин ҳодисаи нохушро шарҳ дода чунин гуфт: “Дар роҳ 4 нафар пеши роҳи писарамро гирифта аз ӯ пул талаб мекунанд, вале Ёрмурод исрор мекунад, ки пул надорад. Авбошон ба ғазаб омада, ба ӯ ҳуҷум мекунанд. Писарам ҷавони тануманд ва бақувват буд, вай се авбошро зада меафтонад, авбоши чорум мебинад, ки бо мушту лагад зӯри онҳо ба ин осиёӣ намерасад, бо корд ба Ёрмурод ҳамла мекунад. Писарам бар асари захми корди ба дилаш расида ҷон додааст…»
Ёрмурод як рӯз пеш аз маргаш дар сомонаи «Одноклассники» чунин навиштааст: «Дигар Русияро ҳатто орзу намекунам. Безор шудам, рӯзи дароз овораю сарсон мегардам, кор нест, пул нест. Пеши корам баставу худам сарсону саргардонам…”

Пулиси Русия хабар додааст, ки ин ҳодиса дар кӯчаи Викулов 4 рӯй дода, ҷавонони сархуш пеши роҳи тоҷикбачаро гирифта, бо алфози қабеҳи миллатгароёна ба Ёрмурод ҳамла кардаанд.

“Ёрмурод ҳамон шаб ба меҳмонӣ рафта буд. Миллатгароёни рус ӯро дар назди биное, ки бояд ба он медаромад, боздошта, бо баҳонаи пул ба бародарам ҳамла кардаанд. Тафтишот рафта истодааст, кормандони полис мегӯянд қотилонро ҷустуҷӯ дорем, вале ман умед надорам, ки кофтукобашон ягон натиҷа медиҳад…»,- гуфтааст бародари марҳум Ёрмурод-Дилмурод Ҷӯраев, ки дар шаҳри Екатеринбург дар сохтмон кор мекардааст. Ба қавли ин ҷавон бародараш аз даромади дар мулки рус мегирифтааш розӣ набудааст, чунки зиёда аз нисфи пуле, ки бо меҳнати сангин ба даст меоранд, сарфи патенту дигар ҳуҷҷатҳо мегаштааст. «Ёрмурод пули маошашро ба ҳиссаҳои зерин ҷудо мекард: барои хурду хӯрок, барои фиристодан ба хона, барои иҷораи манзил, барои раҳпулӣ ва барои патент.

Ҳамин тавр пулаш пурра сарф мешуду дар дасташ қариб, ки маблағе намемонд. Барои ҳамин аламаш омада ҳамеша ғамгин мегашт»,- бо дард дар бораи рӯзгори сахти ғарибонаи бародараш қисса карда мегӯяд Дилмурод Ҷӯраев

Ҷанозаи марҳум Ёрмурод Ҷӯраев дар шаҳри Панҷакенти Вилояти Суғд барпо гашта, ҷавони хунинкафан дар хоки аҷдодӣ дафн карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *