Ато Аҳроров: Кино он ҷо, киношинос ин ҷо
Киношиноси маъруф Ато Аҳроров, ки тарки Душанбе кардаву 25 соли охир дар Самарқанд зиндагӣ мекунанд, маро хеле гарм пешвоз гирифтанд. Суҳбатамон тӯлонӣ буд, аммо, мутаассифона, нотамом монд… Мизбон мехост, дар мавриди Тоҷикистон бештар ҳарф занам, то ки хумор шиканад, ман мехостам, ки дар мавриди кино бипурсам, чун дар арафаи 90-солагии синамои тоҷик қарор дорем…
Бо ёди Душанбе
— Меҳри Душанбе ҳамеша бо ман аст, — мегӯяд, ҳамсуҳбати ман ва ғарқи андеша идома медиҳад, — ман дар ин шаҳр нону ном ёфтам, фарзандонам он ҷо ба воя расиданд. Беҳтарин рӯзҳои ҳаётамро дар Душанбе сипарӣ кардам, бо бузургтарин кинематографистон ҳамкорӣ намудам… афсӯс, ки тақдир маро аз Душанбе ҷудо кард… – бо нигоҳи маҳзун ба дигар сӯ менигарад. Дар умқи чашмони олими 8 0 — сола дардро мебинам, дарди фироқу ҷудоӣ… Гарчанде дар зодгоҳи худ қарор дорад, эҳсос мекунам, ки мусофир аст… Суоли ман сукутро халалдор ва ҳамсуҳбатамро ба худ овард.
-Ато Аҳрорович, шумо дар Душанбе соҳиби ҳама чиз будед, обрӯ, хонаву дар, кор… чаро ҳамаро гузошта, ба Самарқанд кӯчидед?
-Кӯчидани ман аз Душанбе 4-5 сол давом кард ва нооромиҳо дар кишвар ба ин сабаб шуданд. Аз соли 1989 -1990 сар карда, аллакай фазои Душанбе ноором буд. Солҳои аввал пинҳонӣ, вале баъдан ошкоро бетартибиҳо шурӯъ шуданд. Ман худамро не, духтаронамро фикр карда, ба кӯчидан розӣ шудам. Духтари калонии ман соли 1990 ба Донишгоҳи давлатии тиббӣ дохил шуд, вале ҷанг ахлоқи ҷавононро коста, духтар ба воя расонидан душвор шуд. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҳам баъзе бетартибиҳо шурӯъ шуд, ки ба гӯши ман мерасид. Ман хатарро эҳсос мекардам, бинобар ин, моҳи майи соли 1992 аввал ҳамсару фарзандонамро оварда ба Самарқанд монда, худам ба Душанбе баргаштам. Падарарӯсам аз вазъияти Душанбе огоҳ буданд, бинобар ин, дигар нагузоштанд, ки оилаамро биёрам. Исрор карданд, ки ҳуҷҷатҳои Парвинаи духтарамонро аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон гирифта, ба Самарқанд барам, зеро он кас аллакай бо ректор дар мавриди интиқол суҳбат карда, розигӣ гирифта буданд… Ҳамин тавр, оилаи ман пурра ба Самарқанд кӯчид.
-Худи шумо кай пурра тарки Душанбе кардед?
-Ман соли 1996. Омилҳои зиёде ба рафтани ман таъсир гузоштанд. Дурӣ аз фарзандон, фазои номусоиди ҷумҳурӣ ва монанди ин. Як воқеаро ба шумо нақл мекунам. Як рӯз пиёда аз Академияи илмҳо ба маҳаллаи 92, ки хонаамон он ҷо буд, меомадам. Хеле хаста будам, болои ин корхона пул намедод, нон нест… барои нон навбатпоиҳои дурудароз… Дар маҳаллаи 91 болои алафзор як гурӯҳ бачаҳои ҷавон менишастанд, тахмин 7-8 нафар. Аз афташ ба кадоме аз онҳо маъқул нашудам, ки яке хеста омада, маро сахт зад. Хаёлам нашъаманд буд… Дар байнашон якто боинсоф будааст, ки хеста омада, ӯро аз ман дур кард ва кумак намуд, ки хезам. Портфеламро ба дастам дода, хонаамро пурсид. Хост маро то хона барад. Ман фикр кардам, ки роҳи хонаро гӯям, ҳолам бад мешавад. Бинобар ин, “ташаккур, ҳамин ҷо, худам меравам”- гӯён аз онҳо ҷудо шудам… Ҳамин тавр, зиндагӣ номусоид шудан гирифт ва ҳамин гуна фишорҳои равонӣ сабаб шуданд, ки ман ҳам пурра кӯчидам. Вале ман аз ҳеҷ кас хафа нестам… Дар ҷанг ҳар хел ҳодиса шуданаш мумкин. Ман ҳамеша бо ёди Душанбе ва Тоҷикистон зиндагӣ мекунам.
-Дар Самарқанд ба чӣ кор машғул шудед?
-Аввал дар мактаби миёнаи №16-и шаҳр муаллим шудам. Баъди як сол Донишгоҳи тиббии Самарқанд маро даъват кард ва 7 сол устоди кафедраи илмҳои ҷамъиятӣ шуда кор кардам. Баъди нафақа бошад, аз соли 2005 Университети давлатии технологияҳои иттилоотии Тошканд (ТАТУ) филиалашро дар Самарқанд боз кард ва ман 7 соли дигар дар он ҷо дарс гуфтам… Азобҳои рӯҳӣ, мутобиқ шудан ба муҳити Самарқанд, печутоби зиндагӣ бенатиҷа намонд ва соли 2012 сахт бемор шудам. Баъди ин кор намекунам…
Нақшаҳои иҷронашуда
-Дар ин муддат киношиносӣ чӣ шуд? Оё шумо пажӯҳишҳоятонро идома додед?
-Вақте ки ман дар донишгоҳ кор мекардам, ба илм камтар машғул шудам, аммо замони кор дар ТАТУ баъзе корҳоро анҷом додам, дар конфиренсияҳо ширкат карда, маърӯзаҳо намудам, чандин мақола чоп кардам… вале мардум камтар хабардоранд, чун мавзӯи таҳқиқоти ман дар ин ҷо ба касе зарур нест.
Дигар ин ки то солҳои 90, то омадан ба Самарқанд ман бо ҳамкасбони ӯзбекам робитаҳои нағз доштем, аммо баъди сард шудани муносибати давлатҳо муносибати мо низ қатъ шуд. Ман дар ибтидо ба Институти санъатшиносии ба номи Ҳамза як лоиҳа пешниҳод кардам. Мехостам ҳамкориҳои кинои тоҷику ӯзбекро таҳқиқ кунем, зеро ҳам кинои тоҷик ва ҳам кинои ӯзбек аз Комил Ёрматов шурӯъ мешавад. Ин лоиҳаро аввал писандиданд, вале баъдан рад шуд. Сабаби ин тоҷикистонӣ будани ман буд. Бад шудани робитаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба мо таъсири бад гузошт. Вақте дар Тоҷикистон сохтмони НБО Роғун ғулғулаангез оғоз шуд, дар ин ҷо ҳамарӯза ба зидди Роғун мақола чоп мешуд, ба муқобили тоҷикҳо як навъ мубориза сар шуд. Ҳамин тавр, кори мо монд…
-Таҳқиқоти солҳои охири шумо бештар ба кадом мавзӯъҳо нигаронида шудаанд?
-Чун аз кинои имрӯзаи тоҷик дур ҳастам, баъзе масоили таърихи киноро мавриди таҳқиқ қарор додам. Мисол дар бораи Яков Протазанов яке аз аввалин режиссёрони рус, ки то инқилоб ва баъди инқилоб филмҳои олиҷаноб гирифт ва баъдан ба Тошканд омада, филми «Насриддин дар Бухоро»-ро сабт кард, як мақолаи ҷолиб навиштам. Ин филм, ки аз рӯйи асари Леонид Соловев ба навор гирифта шудааст, яке аз беҳтарин филмҳо дар бораи Хоҷа Насриддин аст. Нақши Насриддинро дар он Лев Светлин иҷро кардааст. Солҳои баъдӣ дар бораи Хоҷа Насриддин чанд филми дигар ба навор гирифта шуд. Амон Бекназаров “Насриддин дар Хуҷанд”-ро ба навор гирифт, ки дар он Георгий Тонус нақши марказиро иҷро мекунад. Марат Орифов “Нигоҳи шод”-ро сабт кард, ки нақши Насриддинро худаш иҷро мекунад, аммо ягон тои ин филмҳо ба “Насриддин дар Бухоро” баробар нашуданд. Ана дар ҳамин маврид таҳқиқоти ман таҳти унвони «Яков Протазанов в Узбекистане» аз чоп баромад. Таҳқиқоти дигарам таҳти унвони «Аз таърихи кинематографияи тоҷику ӯзбек» чоп шуд, ки дар он дар мавриди саҳми кинематографистони рус дар ташкили кинои тоҷик ва ӯзбек сухан меравад. Соли 2010 бошад, дар Душанбе китобам ба нашр расид. Китоби навамро ба чоп омода карда истодаам, ки агар умр вафо кунад, ба дасти хонанда мерасад. Феълан як китобро ба чоп омода карда истодааам, ки дар мавриди драматургия аст, ки асарҳои Мардон Шарипов, Баҳора Хуррамзод ва Гавҳар Ҷӯраеваро фаро мегирад.
Таҳдид барои танқид
-Шумо дар замони шӯравӣ бештар ба танқиди кино машғул будед ва машҳуртарин режиссёрону ҳунармандонро мавриди интиқоди шадид қарор медодед. Муносибати онҳо бо шумо чӣ гуна буд?
— Муносибат ҳар хел. Эътироф ҳам мекарданд, зӯриву туҳмат ҳам. Соли 1972 дар як ҷаласа ба ман часпиданд, устод Сотим Улуғзода аз минбар баромада, маро ҳимоя карданд. Равиши асосии кори ман танқид буд, ки албатта ба режиссёрон писанд намеомад. Ҳатто як сол пеш аз маргашон Борис Кимягаров дар киностудия маро дида гуфтанд: «Атоҷон монед, камтар зиндагӣ кунем». Ҷавон ки будам гуфтам: «Ман аз ҳақиқат рӯ намегардонам.” Кимягаров режиссёри бузург буд, аз рӯйи “Шоҳнома” филмҳои олиҷаноб сохт, вале филмҳои сусташон ҳам ҳаст, махсусан филмҳое, ки барои идеалогияи вақт сабт карда буданд. Абдусалом Раҳимов ба ман таҳдид ҳам карда буданд.
Аз насли ҷавонтарҳо бо Юнус Юсупов муносибатамон хуб набуд. Дар кинофестивали Душанбе филми ӯ “Воқеа дар фурудгоҳ” ҷоизаи якуми таваҷҷуҳи тамошобинро гирифт, аммо мо аъзои ҳакамон онро танқид карда, баҳои паст додем. Дар ҳузури мардум Юнус хеста гуфт: “Ато Ахрорович вас надо убит”. Пагоҳаш дар мағозаи китоб вохӯрдем, ӯ маро гапҳои пасту баланди зиёд гуфт. Ман ба Давлат Худоназаров раиси Иттифоқи кинематографистон муроҷит кардам. Правленияи Иттифоқи кинематографистон Юнус Юсуфовро маҷбур кард, ки аз ман узр пурсад… Зимни сафари охирам ба Душанбе бо Юнус дар иттифоқ вохӯрдем, ҳамдигарро оғӯш гирифта саломуалейк намудем… Суҳбати кӯтоҳи самимӣ доштем. Яъне байнмон дигар ранҷише нест.
—Режиссёре, ки дар мавриди эҷордиёташон бештар андеша мекунед, киҳоянд?
-Ман дар умум дар мавриди кино андеша мекунам. Режиссёрҳо ҳар яке сабки худро дорад. Масалан, Давлат Худоназаров. Давлат хеле бонизом кор мекунад. Ӯ дар инъикоси характери миллӣ беҳматост, табиаташро нағз мебинад, одамонро нағз мешиносад, бинобар ин филмҳояш дилнишинанад. Барои муқоиса «Нисо»-ро мисол меорам, ки қаблан Марат Орифов ба навор гирифта буд, ки камбудиҳои зиёд дошт, аммо “Нисо”-и Худоназаров олиҷаноб аст. Давлат плстика мекобад, драматургияи хеле дилрас месозад. Бақо Содиқов бошад, бо роҳи худ меравад. Асарҳои Бақо одамро ба шок меоранд, зеро ӯ ноором аст, вуҷудаш аз талотум иборат аст. Барои Бақо дунё бештар аз бадӣ иборат аст, барои ҳамин ӯ мехоҳад, ки бадиро ислоҳ кунад. Марат Орифов бошад, бештар бозингар аст…
Дидор дар “Дидор”
-Аз вазъи кинои солҳои охири Тоҷикистон огоҳед?
-Мутаассифона зиёд не. Соли 2008 вақте ки маро ба кинофестивали “Дидор” ба ҳайси ҳакам ҷеғ заданд, филмҳоро дидам. Филмҳои кӯтоҳметраж зиёдтар буданд, филмҳои пурраметраж кам, вале суст. Аз рӯйи «Ҷӯгӣ»-и Сорбон як режиссёр филм гирифтаст, ки ба ягон талабот ҷавобгӯ нест. Шумо повестро хондаед, ки чӣ қадар ширадору шоҳкор аст, аммо филм тамоман бемазза.
Ман вақти муҳокима танқид кардам. Филмҳои кӯтоҳи режиссёрони ҷавон ҷолиб ва қобили мулоҳиза буданд… Афсӯс, ки тӯли солҳои дурӣ ман аз кинои ҷадид пурра огоҳ нестам. Чунин шуд, ки кино он ҷо монду киношинос ин ҷост… Дар воқеъ ман аз Сафар Ҳақдод, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон барои таваҷҷуҳаш ба банда сипосгузорам.
-Таҳқиқи касбии кино дар Тоҷикистон бо шарофати шумо пайдо шуд, вале солҳои охир кам касон ба омӯзиши кино машғуланд. Оё дастранҷи онҳо ба шумо дастрас ҳаст? Агар ҳа, вазъи киношиносиро чӣ тавр арзёбӣ мекунед?
-Бале. Муттассифона дар Тоҷикистон киношиносон ангуштшумор мондаанд. Байни инҳо асарҳои Тиллои Некқадам ва Шарофат Арабова қобили мулоҳиза мебошанд. Ман бо Шарофат ва Тилло, ки ҳар ду ҳам заҳматкаш ҳастанд суҳбатҳои тӯлонӣ доштам ва бо ҳамдигар иртибот ҳам дорем. Китобҳояшонро низ дастрас кардаам.
-Ато Аҳрорович, дар фароварди суҳбат 90-солагии кинои тоҷикро ба шумо шодбош мегӯям…
-Ташаккур. Ман ҳам томоми кинематографистони тоҷикро ба ин санаи фархунда муборакбод мегӯям. Ва орзу дорам, ки кинои тоҷик рушд кунад ва ба сатҳи байналмиллалӣ барояд.
Мусоҳиб Одил Нозир
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ