Ато Ҳамдам – барандаи Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳ Шерализода

Ато Ҳамдам, нависанда ва публитсисти тоҷик барандаи Ҷоизаи махсуси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» — Нишони сарисинагии ба номи Муродуллоҳ Шерализода дар соли 2018 гардид. Маросими супоридани ҷоиза ба ғолиб имрӯз зимни чорабинии бошукӯҳ бахшида ба рӯзи матбуоти озод дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси» сурат гирифт.

 Ҷоизаи махсуси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» — Нишони сарисинагии ба номи Муродуллоҳ Шерализода соли 2016 дар ҷашни 70 солагии аввалин қурбонии ҷанги шаҳрвандӣ ва аввалин сардабири рӯзномаи Парлумони Тоҷикистон – «Садои мардум» таъсис ёфта, нахустин маротиба соли 2017 ба журналист Муҳиддин Идиев тақдим гардид.

Ҷоиза дар замини эълони озмун дар мавзӯъи мушаххас ба эҷодкорон дода мешавад. Соли 2018 мавзӯъи озмун зери унвони «Таърих гувоҳ аст…»  — барои беҳтарин маводи журналистӣ дар бораи ашхоси ғайритоҷике, ки барои Тоҷикистон, мардуми тоҷик ва шинохти тоҷикон дар арсаи ҷаҳон хидмат кардаанд, эълон гардида буд. Дар ин озмун наздик ба 50 нафар ширкат варзиданд ва намунаи беҳтарин маводашон дар саҳифаҳои ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба нашр расид. Очерки Ато Ҳамдам таҳти унвони «Ҳиммати муҳандис Карамов» сазовори ҷоиза гардид.

 Ҳамчунин, аз ҷониби ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба Шерпӯлод Вакилов. сардабири рӯзномаи «Овози тоҷик»-и Ӯзбекистон ва Шаҳло Аҳророва сармуҳаррири барномаҳои тоҷикии телевизиони Самарқанд сипоснома дода шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *