Ато Ҳамдам: сари бурида
Журналист, ходими давлатӣ, нависанда ва драматурги шинохта, барандаи Мукофоти олии адабии Ҷумҳурии Покистон, Ҷоизаи иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ ва Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳ Шерализодаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Ато Ҳамдам 70 – сола шуд.
АЗ ДАФТАРИ ҚАЙДҲО: Баробари мутолиаи ин ҷумла шояд хонанда суол кунад, ки чаро Ато Ҳамдам ягон мукофоти ватании адабӣ надорад. Ҳол он ки ин ҳама сол дар ҷодаи адабиёт заҳмат мекашад. Чанд вақт пеш, ман ҳам ин суолро ба эшон дода будам…
Соли 1993. Вазъияти Тоҷикистон ниҳоят муташанниҷ. Ҷанги шаҳрвандӣ кишварро фурӯ бурда, ханда аз лабони мардум канда шуда буд. Дар ҳамин шабу рӯз Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов аз рӯйи асари драматург Ато Ҳамдам – «Сафармахсум» мазҳакае ба саҳна гузошт, ки лоақал бо тамошои ин намоиш ба дили ғамзадаи мардуми кишвар фараҳ ворид шавад. Ин спектаклро коргардон Набӣ Ҷалолов хеле бомуваффақият таҳия кард ва он дар фестивали «Парасту – 93» соҳиби Шоҳҷоиза гардид. Ҳамон сол дар шаҳри Ашқобод фестивали байналмилалии «Наврӯз-93» доир мегардид ва «Сафармахсум» барои ширкат дар ин ҷашнвора ба Туркманистон бурда шуд. Ин спектакл ҳайати доварони фестивалро дар ҳайрат гузошт ва онҳо якдилона ҷойи аввал ва беҳтарин нақши мардонаро ба ин спектакл сазовор донистанд. Баъди чанде Театри академии Мулло Непеси Туркманистон ин спектаклро ба саҳна гузошт:
-Вақте «Сафармахсум» ба Туркманистон рафт, ман вазири фарҳанг будам. Бинобар ин, худам ширкат накардам. Ҷаноби Олӣ, пас аз он ки ғалабаи ҳунармандони моро фаҳмиданд, маро даъват карда дастур доданд, ки бо ҳунармандон вохӯрӣ доир намуда, чанд нафари онҳоро ба унвонҳо пешниҳод намоем. Ман иҷрокунандаи нақши асосӣ – Нуриддин Насриддинро ба унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Амонулло Қодировро ба унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Бердӣ Мингбоевро ба унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва Набӣ Ҷалоловро ба унвони Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон пешниҳод кардам.
Чун Ҷаноби Олӣ рӯйхати пешниҳодотро диданд, пурсиданд:
-Ато Хоҷаевич, чаро худатонро ба ягон унвон пешниҳод накардед, охир шумо муаллиф ҳастед…
-Лозим нест, муҳтарам Президент. Нагӯянд, ки вазир худашро пешбарӣ кардааст.
-Охир шумо барои асаратон унвон мегиред, на вазирӣ.
-Ба ҳар ҳол нағз намешавад.
-Худатон медонед, баъдан дер мешавад, — гуфтанд Президент.
Воқеан, пас аз ин чанд маротиба ба унвонҳо пешниҳод шудам, аммо ягонтоашро нагирифтам. Ин муҳим ҳам нест…, — посух доданд, Ато Ҳамдам.
Асрори бедории комсомол
-Вақте Ато Ҳамдам мегӯянд, беихтиёр ба хотири мардум «Комсомоли Тоҷикистон» ва давраи сармуҳарририи шумо, ки ба бедории миллӣ рост омад, меояд…
-Барои ман низ беҳтарин давраи корам «Комсомоли Тоҷикистон» аст. Вақте ман дар 28 — солагӣ Мактаби партиявии Тошкандро хатм карда омадам, дар гӯшаи хаёлам сармуҳаррир шудан набуд. Ҳамон шабу рӯз дар муҳити «Комсомоли Тоҷикистон» як муҳити носозгор ба вуҷуд омада, сармуҳаррир ва котиби масъулро аз вазифа сабукдӯш кардаанд. Ҳамин тавр, маро ҷеғ зада гуфтанд, ки газетаро ба даст гирам. Кор кардан дар муҳити рӯзнома барои мани бегона осон набуд. Бинобар ин, аз суҳбати аввал гуфтам, ки гурӯҳбозӣ лозим нест, ин курсӣ доимӣ нест, мо бояд муттаҳид шуда кор кунем. Ҳамин тавр ҳам шуд. 3 августи соли 1977 шумораи нахустини «Комсомоли Тоҷикистон» бо имзои ман нашр шуд. Таъин шудани ман барои бисёриҳо ғайриинтизор буд. Ҳатто ба гӯшам мерасид, ки мегуфтанд: «Ин одами мо нест ва зуд меравад». Хушбахтона, пешгӯйии «дӯстон» ғалат баромад ва қариб 11 сол сармуҳаррири ин рӯзнома будам. Вақте сардабир таъин шуданам теъдоди нашри он 70 ҳазор буд ва мо онро ба 200 ҳазор расонидем.
-Асрори маҳбубияти «Комсомоли Тоҷикистон» дар чӣ буд?
-Коллективи муттаҳид. Ман ҳамеша барои ин кӯшиш кардам. Зеро дар муҳити эҷодӣ аз ҳама муҳим иттиҳод ва дастгирии якдигар аст. Баъдан, озодии эҷодӣ, ки ман ба онҳо фароҳам сохта будам. Ҳамеша талқин мекардам, ки ҳақро нависанд, танқид кунанд, аммо танқиди созанда, на сӯзанда. Илова бар ин, ман ҳамеша ба бачаҳои боистеъдод такя кардам. То он вақт студентҳоро ба кор гирифтан мумкин набуд, аммо мо донишҷӯёни болаёқатро ба кор ҷалб кардем, то ки дар муҳити редаксия сабзанд. Мисоли инҳо Саидалӣ Сиддиқ, Мардони Муҳаммад, Қироншоҳи Шарифзода ва Ато Мирхоҷа мебошанд, ки журналистони машҳур шуданд. Ҳамин тавр, вақте муҳити солим ба вуҷуд овардем, фикрҳои солим, созанда ва барои миллат дар он шабу рӯз зарур пайдо шуданд. «Комсомоли Тоҷикистон» маҳбубият пайдо кард. Ҳар як матлаби мо вокунишҳои ҷиддӣ ба амал меовард. Мо бори аввал дар таърихи матбуоти тоҷик мулоқоти ғоибона ташкил кардем. Дар ҳамон бинои одии назарногир вазиронро даъват намудем. Мулоқоти ғоибонаи мо машҳур шуд ва ба ҳалли бисёр масъалаҳо мусоидат кард.
-Бубинед, дар саҳифаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» матолиби зидди ҷараён пайдо мешуд. Бедории миллӣ, ки дар он давра бегона буд, талқин мегардид. Чӣ ба шумо ҷасорат мебахшид, ки ин матолибро нашр кунед?
-Хоҳиши коллектив. Тими ҷавонон он замон ҳамин чизро мехостанд ва ман наметавонистам, ки зид бароям. Баръакс пуштибонашон будам. Аммо авзои замонро ба назар гирифта, ҳамеша таъкид мекардам, ки ҳақро нависанд, ки на ба худашон ва на ба миллат зарар нарасонад.
Я вернусь и очень скоро!
-Рафтани шумо аз мақоми сармуҳаррирӣ низ пурсарусадо шуд. Чӣ сабаб шуд, ки шуморо ронданд?
-Вақте Комиссияи бонуфузи КМ ба омӯхтани фаъолияти шахсии Ато Ҳамдам ва «Комсомоли Тоҷикистон» шурӯъ кард, сарусадо атрофи ман зиёд шуд. Ҳатто раҳматӣ Мавҷуда Ҳакимоваро муваззаф карданд, ки гонарарҳои маро омӯхта, тафтиш кунад. Мавҷуда омада ба ман гуфт, ки ягон ғалат наёфтам. Баъдан ҳар рӯз ба сари ман айби навро бор мекарданд. Нотарсу ҷасур буданамон, интиқодҳоямон ба баъзеҳо нафорид.
-Рӯзи охирини коратонро ба ёд доред?
— 28 феврал Бюрои комсомоли Тоҷикистон маро то поёни тафтишот аз сармуҳаррирӣ барканор кард. Ман рафта меомадам, аммо ба кор дахолат намекардам. Охир диданд, ки барои рондани ман асос нест, роҳи дигарро пеш гирифтанд. Аз дастгоҳи марказӣ омада гуфтанд, ки «Кадом вазифае, ки мехоҳӣ, интихоб кун, радио, телевизион ё нашрияҳои дигар. Фақат навис, ки ман бо сабаби ба кори дигар гузаштанам аз кор меравам». Аммо ман розӣ нашудам. Баъди ин дар Бюрои кумитаи марказии ҳизб маро муҳокима карданд. 3 марти соли 1988 буд. Раҳматӣ Ғоиб Қаландаров раиси Иттифоқи журналистон, устоди худам, бисёр мулоим баромад карданд. Баъди ин саволу ҷавоб оғоз шуд. Саволҳоро русӣ медоданду ман ба тоҷикӣ посух медодам. Ин онҳоро якбора девона кард. «Узр мепурсед?»- гуфта суол шуд. Ман гуфтам «Барои кадом гуноҳ?». Баъди ин қарор карданд, ки Ато Ҳамдам бо сабаби роҳ додан ба камбудиҳо аз вазифа барканор карда шавад. Масъалаи ҳизбиаш ба ташкилоти ибтидоии рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» гузошта шавад. Қаҳҳор Маҳкамов дар охир ба ман муроҷиат карда гуфтанд: «Ест вам что сказать?» Ман гуфтам: «Дорогие мои, я вернусь и очень скоро!»…
Я вернулся!
-Ин гуна муносибат ба шумо чӣ таъсир гузошт ва чӣ гуна боз баргаштед?
-Пас аз муҳокимаи ҳизб ва барканор шуданам бо сари баланд баромадам. Дигарон инфаркт мешуданд. Моҳи март буд, ба мошинам нишаста, Варзобро чарх зада, хона омадам. Ҳамсарам маро пешвоз гирифт. Гуфтам: «Мана тамом, маро барканор карданд.» Ӯ гиристу оромаш кардам, ки ҳамааш нағз мешавад. Баъди ин бекор мондам. «Дӯстонам» аз ман рӯй тофтанд, саломамро алейк намегирифтанд. Вале дӯстони содиқам маро танҳо нагузошта, дар радиову телевизион ба кор гирифтанд. Дар ин давра муборизаҳои интихоботӣ барои вакили Шӯрои Олӣ шудан оғоз гардид. Аз Панҷакент, Конибодом ва Ҳисор маро пешниҳод карданд. Ман Ҳисорро интихоб карда, ғолиб шудам ва депутати Шӯрои Олӣ таъин шудам. И я вернулся! Дар Шӯрои Олӣ муовини раиси Кумитаи Шӯрои Олӣ оид ба фарҳанг таъин шудам. Ду сол кор кардем, ки муборизаҳои интихоботии президентӣ сар шуд ва ман шахси бовариноки Раҳмон Набиев интихоб шудам. Баъди ғалабаи ӯ маро вазири фарҳанг таъин карданд. Он шабу рӯз бисёр душвор буд, ҷанг сар шуд. То ҷое ки имконият буд, кор кардем. Баъди ин чандин сол мушовири калони Президенти Тоҷикистон будам. Ҳоло мудири бахши робитаҳои адабӣ, драматургия ва тарҷумаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳастам. Шӯхӣ ба шӯхӣ ба баҳори 70 расидем. То ҷое имконият буд ба мардум, ба халқ хизмат кардам ва то рӯзе ҳастам, хизмат мекунам.
«Голова умиравшего Ато Хамдама»
-Ато Хоҷаевич, яке аз масъалаҳое, ки атрофи номи шумо ҳангомаҳои зиёде барангехт, ёфтани муҷассамаи Спитамен буд. Имрӯз мебинам, ки он муҷассамаро дар муқоваи романи «Спитамен» ҷой додаед…
-Спитамен барои ман дард аст. Ману Леонид Чигрин кӯшиш кардем, ки ин саҳифаи тираи таърихи халқамонро равшан кунем. Соли 2002 романи мо таҳти унвони «Садди Суғд», ки аз се қисм «Мушовири Искандари Макдунӣ», «Спитамен» ва «Хиёнат» иборат буд. Дар ин китоб кӯшиш кардем, ки рӯзгори Спитаменро холисона тасвир намоем. Бубинед, Искандар тамоми дунёро забт кард ва аввалин зарбаро ба ӯ Спитамен зад, вале ӯро накушт. Дар яке аз муҳорибаҳо Спитамен асир афтод, вале бо роҳи зеризаминӣ халос шуда рафт. Искандар ба матонату шуҷоат ва мардонагии Спитамен тан дода буд. Марги Ситамен низ мармуз аст, аммо аз дасти худиҳо қатл шудани ӯ ба ҳақиқат рост меояд. Зара ҳамсари ӯ баробари дидани Искандар ба ӯ ошиқ мешавад. Ин зан роҳҳои расидан ба Искандарро меҷӯяд. Ҳамин тавр Зара, падараш ва тоҷири арманӣ бо номи Тегеран қарор медиҳанд, ки Спитаменро ба манзилаш ҷеғ зада, ба воситаи қотилони зархарид ба қатл расонанд ва ин корро мекунанд. Рӯзи дигар каллаи буридаро ба қароргоҳи Искандар меоранд. Аммо Искандар, ба ҷои он ки ба онҳо подоши интизордоштаашонро бидиҳад, онҳоро муҷозот мекунад. Ба Спитамен, ки мехост дар набард рӯ ба рӯ шавад, дилаш месӯзад ва Лиссип ном ҳайкалтароши шахсиашро ҷеғ зада, амр медиҳад, ки аз каллаи хунчакон қолаб гирифта, муҷассамаи ӯро бисозад. Чун ҳаво гарм буд, калла каме вайрон шуда буд. Бо вуҷуди ин Лиссип қолаб гирифта, муҷассамаро месозад ва он солҳои охири ҳаёташ ҳамеша бо Искандар буд…
-Ва он калларо шумо пайдо намудед. Аммо чаро дар Тоҷикистон ба он кам таваҷҷуҳ шуд?
-Вақте ман фаҳмидам, ки муҷассамаи Спитамен дар Италия аст, тӯли ду сол осорхона ба осорхонаи ин кишварро гашта, онро пайдо кардам. Вақте ҳамроҳи профессор Марио ба осорхонаи Палатина рафтем, муҷассамаҳо қатор буданд. Вақте ман нигоҳ кардам, дилам таҳ зад. «Худоё, он чизе ки мехостам, пайдо кардам. Ба Марио гуфтам: «Ба ту гӯям, ки кадомаш Спитамен аст?» Ӯ дар ҳайрат монд. Ман ба якум калла ишора карда гуфтам: «Ана ҳамин. Матнашро хонда ба ман тарҷума кун». Марио рафта, матнашро хонда, тарҷума кард: «Сари буридаи форси дар набзи ҷонбуда андаруни ҷома. Асри 2-и пеш аз милод.». Ман гиристам ва Спитаменро бӯсидам. Ба умед будам, ки дар Ватанам маро мефаҳманд ва вокуниши хуб мешавад…
Дар асоси ин гузориш омода карда, бо акс ба унвони Ҷаноби Олӣ фиристодам, то ки ин кала ба Тоҷикистон оварда шавад. Аммо ҷавобе нашуд. Ман ҳамеша дар ҳайрат будам, ки чӣ гуна Ҷаноби Олӣ ба ин масъала таваҷҷуҳ накарданд, ҳол он ки Президент ба Спитамен эҳтиром доранд ва дар бораи ӯ суханҳои хуб мегӯянд. Баъди чанд сол яке аз мушовирони собиқи Президент, дар ҳолати сархушӣ ба ман гуфт, ки мо он гузориши туро ҷиддӣ қабул накардем ва ҳатто масхара мекардем: «Голова умиравшего Ато Хамдама…»
Ин аст, муносибат ба таърих. Ман то ба ҳол умед дорам, ки он пайкараро ба Тоҷикистон меоранд. Билохира, Спитамен ба хонаи худ меояд.
Дӯстии адабӣ — дӯстии абадӣ
-Шумо ҳамеша дар вазифаҳои масъул кор мекардед, аммо бо вуҷуди ин ҳамоно сермаҳсул ҳастед. Чӣ гуна ба шумо даст медиҳад, ки ҳам кор кунеду ҳам эҷод?
-Ман худамро ба меҳнат мутобиқ кардам. Дар вақти кори идоравӣ кори эҷодӣ карда наметавонам, аммо шабҳо аз ҳисоби хоб ва рӯзҳои истироҳат кор мекунам. Ба ин одат кардаам. Бо дӯстам Леонид Чигрин, ки 40 сол боҳ ҳамкорӣ дорем, 10 – 12 роман навиштем. Моро тақдири Роҳи бузурги абрешим ба ҳам овард ва дӯстиву ҳамкории мо абадӣ шуд. Мо бо эшон силсилаи «Асрори таърих»-ро навишта истодаем, ки қариб ба забонҳои зиёд тарҷума шуд. Масалан, романи «Корномаи Эмомалӣ Раҳмон» ба 15 забони дунё нашр шуд. Гарчанде дӯсти ман Леонид Чигрин бо амри тақдир аз Тоҷикистон рафт, бо вуҷуди ин ҳамкории мо идома дорад.
-Шумо асарҳои зиёди саҳнавӣ навиштаед ва яке драматургҳои фаъоли ангуштшумори кишвар ҳастед. Сабаб чӣ аст, ки драматургияи мо дар ҳолати назъ қарор дорад?
-Сабаб зиёд аст. Дар мо мактаби драматургия вуҷуд надорад. Баъдан, барои асари драмавӣ подош хеле ночиз аст. Масалан, дар ду сол як асари саҳнавӣ навишта мешаваду ҳаққи қалам ҳамагӣ 2 – 2,5 ҳазор сомонӣ аст. Ҳоло як тенденсия сар шудааст, ки худам муаллифи асар, коргардон, худам нақш мебозам. Ин таҷриба кош бошад, аммо бисёри корҳое, ки мебинем, сифат надоранд. Бошад, аммо басифат бошад. Мутассифона драматургҳо асарҳояшонро пеш аз саҳнавӣ шудан ба муҳокимаи Иттифоқи нависандагон намедиҳанд, балки якбора ба театр мебаранд. Ин сабаб мешавад, ки сатҳи асарҳо суст бошад. Насли нави драматургҳо пайдо намешаванд. Ҷавонтарин драматургҳои мо Ҷумъа Қуддус аст, ки 60 — сола шуд ва Тоҳир Муҳамадризо, ки 58 — сола аст. Мо бояд ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ кунем.
Ҳафтод
-70 — сола шудед. Муборак бошад. Ин меҳмонро чӣ гуна қабул кардед?
-Албатта, як бор аз осмони 70-солагӣ хам шуда, ба поён менигарам. Зиндагии ман ширину хуш набуд. Ҳарчанд ки яккаписар ва эркаи падару модар будам. Волидонам одамони одӣ, деҳқони хокпош буданд, аммо ба ман тарбияи хуб доданд. Вақте вазири фарҳанг шудам, ба дидорбинии падарам рафтам. Эшон гуфтанд: «Писарам, аз худ нарав, эҳтиёт шав. Вақте мансаб гирифтӣ, фикр кун, ки чӣ хел аз вазифа меравӣ». Бубинед, ки чӣ қадар бомаърифат буд падари хокпоши ман. Марги падару модари ман дар 30 рӯз ба вуқӯъ пайваст. Он вақт ман бекор будам. Баъди ин бо ҳамсарам, ки 39 сол зиндагӣ кардам, ҷудо шудам. Ӯ барои ман ҳамдаму ҳамкору ҳама чизи ҳаётам буд, аммо маро танҳо гузошта, аз дори фано рафт. Ман мардона иқрор мекунам, ки баъди марги ӯ ман ягон чизи ҷиддӣ нанавиштаам. Шукр, ки фарзандонам ҳастанд, набераву абераҳо дорам…
— Дар 70 — солагӣ инсон дар бораи чӣ фикр мекунад?
-Ман дар мавриди корҳои ба охирнарасонидаам. Дигар ҳеҷ. Молу сарват ғун накардаам, ҳатто хонаи дуруст надорам, ки дар фикраш бошам. 70 синне аст, ки одам бояд эҳтиёт шавад, боэҳтиёт қадам монаду сухан гӯяд. Синне аст, ки одам бояд давлати пирӣ ронад, аммо ман кор мекунам…
Мусоҳиб
Одили Нозир,
«Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ