Атоев: Эҳтимол муддати сабти симкортҳо бо шиносномаи нав тамдид шавад

Мақомоти Хадамоти алоқа гуфтанд, ки дар сурати то 15 август пурра иҷро нашудани раванди ивазкунии шиносномаҳои барориши соли 1996 бо шиносномаҳои ID мумкин аст муддати раванди сабти симкортҳо тамдид шавад.

Мақомоти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон гуфтанд, ки дар сурати то 15 август пурра иҷро нашудани раванди ивазкунии шиносномаҳои барориши соли 1996 бо шиносномаҳои ID мумкин аст муддати раванди сабти симкортҳо тамдид шавад.

Илҳом Атоев, раиси Хадамоти алоқа, рӯзи 15 июл дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки то ҳол ҳудуди 2 миллион нафар сокинони кишвар симкортҳояшонро бо шиносномаи нав сабт кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои ин ниҳод, дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон ҳудуди 6, 5 миллион нафар аз телефони мобилӣ истифода мебаранд ва тақрибан 5 миллион нафари онҳо муштариёни фаъол ҳастанд.

Бар асоси дастури ҳукумат аз моҳи феврали соли 2019, сабти дубораи шумораҳои муштариёни ширкатҳои телефонӣ ба номашон бояд то 16-уми август ба поён расад.

Аммо ҳоло бештар аз 3 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон шиносномаи маъмулӣ доранд ва маълум нест, ки метавонанд, дар муддати як моҳ корти ҳуввият бигиранду шумораи телефонашонро нигаҳ доранд.

Илҳом Атоев  гуфт, ба эҳтимоли зиёд масъалаи тамдиди мӯҳлати ба қайдгирии симкортҳоро ба ҳукумат пешниҳод хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *