Атовуллоҳ таслим мешавад?

Додоҷони Атовуллоҳ, яке аз раҳбарони мухолифин тасдиқ кард, ки бо наздикони президент Эмомалӣ Раҳмон музокирот дошт ва масъалаи бозгашташ ба Тоҷикистон матраҳ аст.

Ӯ гуфт, музокироташ бо «як намояндаи ҳукумат” идома дорад, вале бозгашти вай ба маънои таслим шудан нест.Додоҷони Атовуллоҳ, яке аз раҳбарони мухолифин рӯзи 22 август дар мусоҳиба бо радиои ба мақомоти Тоҷикистон наздики «Озодӣ” иддаои мунтақидонаш дар бораи вуҷуди музокироти пинҳонӣ миёни ӯву намояндагони ҳукумати кунунии Тоҷикистонро тасдиқ кард.

Мунтақидони Додоҷони Атовуллоҳ ҳамлаҳои ахири ӯ ба ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва раисаш Муҳиддини Кабирӣ ва дигар чеҳраҳои мухолифинро натиҷаи ҳамин музокираҳо меномиданд.

Додоҷони Атовуллоҳ дар мусоҳибааш бо «Озодӣ” сарусадоҳо дар бораи музокираҳояш бо наздикони президент Эмомалӣ Раҳмон ва эҳтимоли бозгашташ ба Душанберо тасдиқ кард, вале гуфт, на барои таслим шудан меравад.

Сӯҳбатҳои Додоҷони Атовуллоҳ бо ин расонаи наздик ба мақомоти Тоҷикистонро инҷо иқтибос меорем:

Додоҷон Атовуллоев, раҳбари акнун собиқи Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон мегӯяд, изҳороти аъзои раёсати анҷуман барояш ногаҳонӣ буд ва ӯ аз баргузории ҷаласаи аъзои раёсат хабарнадошт. Атовуллоев шоми22-юми август дар як сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, қарори қатъи фаъолияти анҷуманро ҳамкорони собиқаш ду рӯз баъд аз аз он пахш карданд, ки ӯ дар охирин сӯҳбаташ дар шабакаи Зелло дар бораи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тунд сӯҳбат кард. Додоҷон Атовуллоев дар навбати худ Шарофиддин Гадоевро дар «пуштибонӣ аз ҲНИТ” айбдор мекунад.

Ӯ афзуд, ​»ман бар ин ҳастам, ки дар ин айём, дар ин замон, проекти исломӣ ҳамаро бачоҳ мекашад. Зеро на минтақа, на ҷаҳон ва на мардуми Тоҷикистон ончуноне модидем, наҳзати исломии Тоҷикистонро қабул надоранд. Ман тасаввур мекунам, ки эътилоф бо ҲНИТ ба суди мардум ва кишвар нест. Ончунон ки ман ҳис мекунам, ҲНИТ мехоҳад сарлашкари мухолифат ё эътилофи нав ҳамин ҳизб бошад, ҳизбе, киҳамаи шансҳоро ҳам дар дохил ва ҳам дар берун осон аз даст дод.”

Додоҷон Атовуллоев дар идомаи сӯҳбат гуфт, ки ӯро дар пешбурди музокироти пинҳонӣ бо наздикони президент айбдор мекунанд ва ӯ қасд надорад, ки ин таҳаввулотро пинҳон кунад.

Атовуллоев гуфт, шахсан бо наздикони президент сӯҳбат доштааст ва дар ин музокирот масъалаи бозгашташ ба Тоҷикистон матраҳ аст: «Орзуи ман, мисли орзуи ҳар шаҳрванде, ки ватанашро дӯст медорад, бозгашт ба Тоҷикистон аст. Аммо на таслим шудан ба ҳукумат. Агар ман равам ва музокироти мо натиҷае диҳад, ҳатман мардуми Тоҷикистон ва пеш аз ҳама Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон ва аъзову тарафдорони мо огоҳ хоҳанд буд”.

Ӯ гуфт, «як муколама, як гуфтугӯ бо намояндаи ҳукумат ҳанӯз ҳам давом дорад. Аммо ин маънои онро надорад, ки ман аллакай таслим шудам”.

«озодӣ»

P.S. Дар Тоҷикистон нисбати ин шахс Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятӣ  боз карда  буд. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки дар ҳолати баргаштани Атовуллоҳ ба Тоҷикистон тақдири ин парванда чӣ хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *