Атовуллоев: Алайҳи неруи тундрав дар паҳлӯи Раҳмонов хоҳам буд
Додоҷон Атовуллоев, аз мухолифони давлати Тоҷикистон гуфтааст, агар нерӯе пайдо шавад, ки тундрав ва тундгаро бошад ва оромишу истиқлоли кишварро таҳдид кунад, ӯ дар паҳлӯи Эмомалӣ Раҳмонов хоҳад буд. Тоҷикистон ва истиқлоли он барои ӯ болотару волотар аз худаш, муқаддастар аз ҳама кас ва ҳама чиз будааст.
Вай дар матлабе бо номи “Манифести Д.А.”, ки рӯзи 15 август дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” мунташир шуд, навиштааст: “Ин саволро аз ман борҳо пурсидаанд, ки: «мӯҳтарам Атовуллоев! Дар кадом ҳолат шумо метавонед бо Эмомалӣ Раҳмонов сулҳ кунед ва ё ҳатто аз ӯ пуштибонӣ намоед? Ва ё ҳадафи шумо ҳамдастӣ ҳатто бо Шайтон бар зидди душман аст»?
Ин рӯзноманигор ва раҳбари Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки бо касе душмании шахсӣ надораду танҳо мухолифи сиёсати ҳукумат аст.
“Ин пиндошти шумо, ки ман барои расидан ба ҳадаф метавонам бо ҳар инсу ҷинсе ёр шавам, иштибоҳ аст. Борҳо пешниҳоди ҳамкорию ҳамдастии афроди тавонмандро, ки қодир ба сарнагунии режими Тоҷикистон ҳастанд, рад кардаам. Чун медонам, ки чунин иқдоме кишвари моро табдил ба харобазор хоҳад кард”-навиштааст вай.
Додоҷон Атовуллоев иброз доштааст, ки пайкораш барои касби мақому мансабе набуда ва пайкораш барои фардост.
Вай афзудааст: “Муборизаи ман аз нахустин рӯз мусолиматомез будааст. Пайкори ман аз нахустин рӯз барои тағйири мусолиматомези низому сохтор ва афкор будааст. Эътирозоти бидуни хушунат ва ё нофармонии маданӣ — ин аст ойинонома ва Қонуни асосии муборизаи ман. Ҳеч пайкоре, ҳеч инқилобе арзиши як қатра хуни инсонро надорад. Ман ҳаргиз намехоҳам, ки касе аз садои тир бедор гардад.Садои ман барои озодӣ, фарохони ман барои бедорӣ, сӯхтани ман барои сохтан буд, ҳаст ва мемонад”!
Қаблан, Додоҷон Атовуллоев, рӯзноманигор ва раҳбари Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон аз фаъолияти Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон ва мухолифони давлат дар хориҷи кишвар интиқод карда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ