Ҳавасмо Раҳматуллоева – Шаҳнозаамро пайдо кунед

Шаҳноза Назарова, соли таваллудаш 1994, ки барои кор ба Маскав рафта буд, аз моҳи январи соли 2014 ба ин тараф бедарак шудааст. Модари Шаҳноза – Ҳавасмо Раҳматуллоева аз ҳамаи тоҷикони Русия мехоҳад, ки ба ин модари зор дар ҷустуҷӯи фарзандаш кумак кунанд.

Дар тамоми дунё ҳар рӯз зиёда аз 250000 одам, бахусус муҳоҷирон бе ному нишон гум мешаванд. Сокини ноҳияи Ёвон Ҳавасмо Раҳматуллоева қариб чор сол боз духтараш Шаҳноза АбдуғафоровнаНазарова, санаи таваллудаш 21 январи соли 1994ро ҷустуҷӯ дорад. Бо гузашти ин қадар солҲавасмоҳ Раҳматуллоевато ҳол умед дорад, ки фарзанди азизаш як рӯз аз дараш медарояд.

Дар ин суҳбати видеоӣ модари тоҷик мегӯяд:

«Духтари ман аз 17 январи соли 2014 боз инҷониб бедарак аст. Духтари ман баъди хонавайрон шуданаш аз ман бе иҷозат роҳи Русияро пеш гирифт. Ҳарчанд, ки ман барои ба муҳоҷират рафтанаш розӣ набудам. Вакте ки ба фурудгоҳ расид, занг зада зорӣ кард, ки дуои бадаш накунаму интизор шавам, ки у пул кор карда меояд.Ин рӯзи бадам 25 октябри соли 2013 буд. Баъди ба шаҳри Маскав расиданаш бо ман таввасути Скайп ва сомонаи Одноклассник суҳбат мекард. Он вақт ман ором шудаму барояш аз Худованд дуои нек хостам, вале ҳамзамон зориаш мекардам, ки зудтар ба назди фарзанди кӯчакаш баргардад. Ҳатто рӯзи 12 январи соли 2014 ман барояш билети бозгашт ба ватанро харидорӣ карда фиристода будам. Чун дар давоми ин се моҳи саргардониҳо ҷойи кор наёфта буд, ба хона баргаштанӣ буд. Ягон накшаву нияти дигаре надошт. Ҳамин қадар дарак дорам, ки бо як ҳамватанамон бо номи Акмал Латиповпеш аз сафар ба ватан вохӯрда, аз фикри бозгашт гаштааст.Бояд ки он рӯз ба ватан бармегашт, вале наомад.

То ҳозир намедонам, ки фарзанди азизи ман зинда аст ё мурда. Ақалан, хабаре, паёмаке аз ӯмешунидам, бароям басанда буд. Илтимос, ҳамватанони азиз ба ман, ки модараму дар гами фарзандам месӯзам, кумак кунед. Духтарчаи Шаҳноза имсол панҷсола мешаваду дар дидори модари азизаш зор аст. Вақте ӯ ба Русия рафт, духтараш ҳамагӣ яксола буд.»

Ҳамватанони азиз, биёед, барои ёфтани Шаҳноза кӯшиш кунем. Аз тамоми муҳоҷирони тоҷик дар Русия хоҳиш мекунем, ки агар аз Шаҳноза дараке ёбанд, бо сомонаи Ахбор дар тамос шаванд.

Шаҳлои Наҷмиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *