Авбошӣ дар назди бозори «Саховат»
Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ—ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду нафар шаҳрвандон: марди 29-солаи сокини ноҳияи Панҷ ва марди 25-солаи сокини ноҳияи Восеъ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуданд.
Онҳо рӯзи 07.08.с.2016, тахминан соати 16:30-дақиқа, дар назди бозори “Саховат”-и шаҳри Душанбе ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Кӯлобро дашномҳои кабеҳ намуда, бо ин кирдор тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда, ӯро лату кӯб намуда, бо корди дар дасташон буда ба шикамаш задаанд.
Дар натиҷаи ин муноқиша ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ