Авбошии ҷавони 20-сола дар Душанбе
Бино ба иттилои ВКД рӯзи гузашта ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 34-солаи сокини кӯчаи Н.Махсуми шаҳри Душанбе бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намудааст.
Дар ин нома таъкид шудааст, ки дар санаи 22-юми ноябри соли 2019, тахминан соати 22:50-дақиқа, дар кӯчаи С.Айнии пойтахт шахси номаълум аз ҳиссиёти авбошӣ ӯро лату кӯб намуда, бо олоти халандаю бурранда 1-маротиба ба қафаси синааш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 20-солаи сокини кӯчаи Айнӣ бо гумони авбошӣ дастгир карда шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ