Авбошонро аз зери замин ҳам пайдо мекунанд (видео)
Дар гузаргоҳҳои зеризаминии Душанбе камераҳои назоратӣ насб гардид. Акнун тамоми муноқиша ва авбошиву дигар кирдорҳои ҷиноятӣ аз мадди назари мақомоти милитсияи пойтахт дур намемонад.
Тавре маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, дар гузаргоҳҳои зеризаминии роҳҳои сесатҳа-эстакадаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар умум 49 адад камераҳои мушоҳидавии бисёрфунксионалӣ насб карда шудааст.
“Аз ҷумла дар гузаргоҳи зеризаминии кучаҳои Н. Махсусм-Б. Ғафуров 30 адад камера ва дар гузаргоҳи зеризаминии кӯчаҳои И. Сомонӣ – А. Сино 19-адад камераи мушоҳидавӣ насб ва маркази назоратбарии он дар Қисми навбатдории Шуъбаи 2-юми ВКД дар ноҳияи Сино ҷойгир карда шуда, нафари масъул аз ҳисоби кормандони милитсия вобаста карда шуд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Тибқи иттилои мақомоти милитсияи пойтахт, дар сурати содир гардидани ҳамагуна амалу кирдорҳои номатлуби зиддиҷамъиятӣ, махсусан муноқиша ва авбошиву дигар кирдорҳои ҷиноятӣ гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии милитсия дарҳол ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, нафарони гумонбар дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷалб карда мешаванд.
Ин иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе кори мақомоти милитсияи пойтахтро ҷиҳати ошкору дастгир намудани нафарони қонуншикан, ашхоси шубҳанок ва таъмини бехатарии шаҳрвандон дар гузаргоҳҳои зеризаминӣ осон менамояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ