Авбошзанони Турсунзода дар Душанбе дастгир шуданд (видео+аксҳо)
Ду ҷавонзан, ки шоми 6-уми июн ҷавонзани дигарро маврида таҳқир ва латту кӯб қарор дода буданд, аз ҷониби мақомот дастгир карда шуданд. Дар ин бора дафтари матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Тавре манбаъ хабар медиҳад, барои муайян намудани шахсияти нафарони дар навор инъикосгардида ва санҷиши воқеии ҳолати кор аз ҷониби гуруҳи оперативӣ-тафтишотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва бо кӯмаки як нафар истифодабарандаи фаъоли шабакаи Интернет (маъмури Parviz TV) макони содиршавии ҳодиса муайян карда шуд. Баъдан, барои дастгир намудани онҳо тибқи якчанд фарзияҳои оперативӣ чорабиниҳои дастгиркунӣ гузаронида шуд.
Дар доираи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби милитсияи пойтахт ҳамагӣ баъди 20 дақиқа аз пахши навор шахсияти нафарони дар он инъикосгардида пурра муайян ва худи онҳо боздошт карда шуда, ба мақомоти корҳои дохилӣ дастрас карда шуданд, ки онҳо:
Холиқова Шаҳноза Саидмуродовна соли таваллудаш 12.10.1998 зодаи шаҳри Турсунзода, муҷаррад, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Б.Ғафуров, бинои 11, ҳуҷраи 20;
Дадахонова Мадина соли таваллудаш 20.09.1995 зодаи шаҳри Турсунзода, муҷаррад, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев 31, ҳуҷраи 13;
Ваҳобова Гулноза Зафаровна истиқоматкунандаи 09.10.1999, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи У.Хайём 77 мебошанд.
Тибқи санҷиш муайян карда шуд, ки ҳар се ҷавонзани дастгиршуда, ҷабрдида – Ваҳобова Гулноза, гумонбар – Холиқова Шаҳноза ва наворбардор – Дадахонова Мадина бо ҳам шинос буда, макони содиршавии ҳодиса манзили истиқоматии гумонбар Холиқова Шаҳноза мебошад, ки ҳамаи кирдорҳои ғайриқонунии нисбати шаҳрванд Ваҳобова Гулноза анҷомдода маҳз дар ҳамин манзил содир ва сабт гардидааст.
Тибқи пурсиши ҷабрдида, гумонбар ва нафари сеюм нахуст байни онҳо баҳси лафзӣ сурат гирифта, баъдан дастгиршуда Холиқова Шаҳноза ҷабрдида Ваҳобова Гулнозаро мавриди латукӯб ва дашному ҳақорат қарор дода, бо истифода аз қайчӣ мӯи сари ҷабрдида Ваҳобова Гулнозаро мебурад. Дар ин лаҳзаҳои мудҳиши ҷиноӣ шаҳрванд Дадахонова Мадина ба ҷои халос кардан, баръакс ин саҳнаи хушунатро ба навор гирифта, нахуст дар саҳифаи шахсиаш дар Инстаграм гузошта, сипас тавассути дигар шабакаҳо паҳн менамояд.
Дар асоси далелҳои дар боло овардашуда айни ҳол нисбати гумонбарон тибқи талаботи моддаи 237 (авбошӣ дар ҳайати гуруҳӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбари асосӣ Холиқова Шаҳноза Саидмуродовна дар Боздоштгоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор дорад.
Санҷиши ҳодисаи мазкур таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор дошта, зимнан мақомоти милитсияи пойтахт аз шаҳрвандоне, ки барои ошкорнамоии ҷинояти мазкур саҳми худро гузоштанд, изҳори сипос менамояд.
Бо истифода аз фурсат ба таваҷҷӯҳи сокинон расонида мешавад, ки ҳар як кирдорҳои ғайриқонунӣ, ҳодисаву оддитарин кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ки ба поймол гардидани ҳуқуқи шаҳрвандон оварда мерасонад, бе баррасӣ ва чораандешии қатъӣ нахоҳад монд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ