«Авфи тиллоӣ» чӣ оқибатҳое ба бор хоҳад овард?!
25 ҳазор нафар бояд афв шаванд: гуруҳи корӣ ба таҳияи қонуни афви тиллоӣ шурӯъ кардааст
Бо супориши президенти Тоҷикистон гурӯҳи корие таъсис дода шудааст, ки ба таҳияи лоиҳаи қонун “Дар бораи афви” пардохт, хабар додаст ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.
Ба гуфтаи ин манбаъ, гурӯҳи кории иборат аз ҳуқуқшиносон ва намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бояд то охири моҳи август лоиҳаи қонунро ба сарвари давлат пешниҳод кунанд.
“Ба истилоҳ “авфи тиллоӣ”, ки бо ташаббуси президент ба ифтихори 30-солагии Итиқлолияти давлатии Тоҷикистон сурат мегирад, зиёд аз 25 ҳазор нафар гумонбаршудагон, судшавандагон ва маҳкумшудагонро фаро гирифта метавонад”, — зикр кард манбаъ.
Ба гуфтаи ӯ, барои қабули лоиҳаи қонуни афв охири моҳи август ё аввали моҳи сентябр вакилони палатаи поёнии парлумон аз таътили тобистона бозхонд мешаванд.
Маъмулан дар ҷумҳурӣ ба ифтихори солгарди ҷашнҳои давлатӣ авф эълон мешавад. Ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ дар соли 2019 зиёда аз 20 ҳазор нафар маҳкумшуагон мавриди авф қарор гирифтанд. Соли 2014 дар солгарди 20-солагии қабули Конститутсия қонуни авф 10 ҳазор нафар ва соли 2011 ба ифтихори ҷашни 20-умин солгари истиқлолияти давлатӣ — 15 ҳазор нафарро фаро гирифт.
Бисиёр кори хайру савоб аст. Аммо ин 25 ҳазор (на ҳамааш) дигар ором мегарданд? Магар мушкилоте ба бор намеоваранд? Охир бубинед чун ҳар вақте авф сурат бигирад, пас аз он нооромиҳо, дуздиву ғоратгариву куштору таҷовуз рӯ ба афзоиш меоваранд. Пас чӣ бояд кард? Кадом як роҳи ҳали ин қазия дар мадди назар аст?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ