Ҳаво абриву бебориш мешавад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, вазиши шамол дар баъзе ноҳияҳо ба 13-18 метр дар як сония мерасад.

Имрӯз, 23 феврал дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8  ва дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-6 дараҷа ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар аст. Дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 11-16 дараҷа сард ва рӯзона 1-4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, рӯзона шамол аз самти ғарб 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 4-6 ва рӯзона 17-19 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок пешбинӣ мешавад. Ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи камабр дар назар буда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 ва рӯзона 18-20 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *