Ҳаво абриву бебориш мешавад
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок гашта, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва дар баландиҳои 2500 м боридани барф дар назар аст.
Имрӯз, 2 апрел дар вилояти Суғд ҳавои абрноки боронӣ гашта, дар баландиҳои 2500 м боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ҷойҳо то 18-23 м дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда пешбинӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 2-7 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 4-9 дараҷа сард ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12-17 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад ва дар баландиҳои 2000 м боридани барф дар назар дошта шудааст. Шабона дар водиҳо 10-15 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, ҳарорат шабона 11-13 ва рӯзона 23-25 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ