Ҳаво абриву бебориш мешавад
Аз 16 то 17 октябри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар баландии 1000 м барф дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок дар назар буда, дар ғарби вилоят шабона -2+3, рӯзона 11+16 ва дар шарқи ин вилоят шабона -11-16 ва рӯзона -1+4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +8+13 ва рӯзона +14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона +6+11 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона ба +2+7 ва рӯзона ба +15+20 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар буда, ҳаво шабона +3+5 ва рӯзона +17+19 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ