Ҳаво имрӯз 24-26 дараҷа гарм мешавад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, вазиши шамол дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар назар дошта шудааст.

Имрӯз, 12 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 3-2 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 11-16 дараҷа сард ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳаво офтобӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6-11 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона дар водиҳо 3-8 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳарорат шабона 3-5 ва рӯзона 24-26 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *