Ҳаво имрӯз +32+34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда ва бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорат рӯзона ба 29-34 дараҷа мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ додаанд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ гардида, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 5-10, рӯзона 20+25 ва дар шарқи ин вилоят шабона 3-8 ва рӯзона +10+15 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона +12+17 ва рӯзона +28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, шабона +12 +17 ва рӯзона +29+34 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона +13+15 ва рӯзона +32+34 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ