Ҳаво имрӯз 39 дараҷа гарм мешавад
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда гашта, ҳарорат рӯ ба баландшавӣ меорад. Ин гуна вазъи обу ҳаво то 3 июл идома ёфта, ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 2 дараҷа паст хоҳад шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +17+22 ва рӯзона +35+40 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои қисман тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳаво шабона +12+17 ва рӯзона +27+32 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19 +24 ва рӯзона +36 + 41 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ қисман абрнок гардида, дар водиҳо ҳарорат шабона ба 13-18 ва рӯзона 34-39 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Шабона +16+18 ва рӯзона +37+39 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ