Ҳаво имрӯз абриву бебориш мешавад
Ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда ва бебориш шуда, ҳарорат ба 14-16 дараҷа мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додаанд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа сард шуда, рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 18-23 то 28- 33 ва рӯзона аз 0-5 то 7-12 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5-10 дараҷа сард шуда, рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа ва рўзона 14+19 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ шабона 0-5 дараҷа сард шуда, рўзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4+6 дараҷа ва рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ