Ҳаво имрӯз абриву бебориш мешавад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, ибтидоан аз 16  то  19  май дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ монда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва жола, инчунин ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳарорати ҳаво рӯзона то 6-8 дараҷа паст мефарояд. Аз 16 то 18 май дар ноҳияҳои кӯҳӣ эҳтимоли фаромадани сел пешбинӣ мешавад

Имрӯз, 15 май дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +12 +17 ва рӯзона +23 +28 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, шабона дар баъзе минтақаҳо боридани барф пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +6 +11 ва рӯзона +16 +21 дараҷа гарм мешавад.

Ҳамчунин дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда пешгӯӣ гардида, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Шамол аз самт ғарб то 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +12 +17 ва рӯзона +24 +29 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳаво тағйрёбанда шуда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо рӯзона +25 +27 дараҷа ва шабона +11 +13 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *