Ҳаво имрӯз абриву тағйирёбанда мешавад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда  дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  хабар додаанд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани барфи тар дар  назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14  ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  23-28 ва рӯзона 9-14  дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои абрноки бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4  ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо шабона 7-12  дараҷа сардӣ дар назар аст.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат   шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона  3-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -2+3 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 3-8 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона  ба -1+4 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Ҳаво шабона -1+1 ва рӯзона 10- 12 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *