Ҳаво имрӯз абрноку боронӣ аст
Имрӯз, 13 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон ва раъду барқ дар назар аст.
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар дошта шудааст. Ҳарорат дар ғарби вилоят 27-32 дараҷа ва дар шарқи он 17-20 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон дар водиҳо 35-40 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани борон ва раъду барқ дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво 30-35 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок гардида, борон меборад. Ҳарорат дар водиҳо ба 34-39 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, 35 — 37 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ