Боду ҳаво барои имрӯз ва моҳи январ

Имрӯз  дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш    дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14   ва   рӯзона -3+2 дараҷа сард мешавад.   Дар  шарқи вилоят  ҳарорат шабона 25-30  ва рӯзона 4-9  дараҷа сард  мешавад.Дар вилояти Суғд  низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд. Шамол  аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 17-22  метр  дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона  5-10  дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо ҳарорат шабона 8-13 ва рӯзона -1+4 дараҷа сард  мешавад.Дар вилояти Хатлон  ҳавои бебориш дар назар буда, туман мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона ва рӯзона -1+4  ва рӯзона 7-12  дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона   1-6 дараҷа гарм мешавад.Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои бебориш дар назар аст.   Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона     5-10  дараҷа гарм мешавад. Дар баланкӯҳҳо ҳарорат шабона 7-12 дараҷа сард ва  рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.Имрӯз дар шаҳри Душанбе  ҳавои бебориш мешавад.    Ҳаво   шабона 2-4 дараҷа сард  ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.

Сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева оид ба боду ҳавои моҳи январ маълумоти мухтасоар дод..

Бино ба итилои Ҷ. Байдуллоева, 4 ва 5 январ  дар  водиҳои вилояти Хатлон  ва тобеи марказ  асосан борон борида, дар як қатор водиҳои вилояти Суғд  эҳтимолияти гузаштани борон  ба барф дар назар аст.  Дар ин рӯзҳо дар қисматҳои кӯҳӣ бештар барф борида, дар доманакӯҳҳои вилояти Хатлон гузариши борон ба барф пешгӯӣ мешавад.

«Дар шаҳри Душанбе ва водии Ҳисор 4-5 январ  асосан борон борида, бегоҳ эҳтимолияти боридани барфи тар  дар назар аст. Вале дар  қисми зиёди водиҳои вилояти Хатлон боридани борони шиддатнок дар назар аст.  Шаби  8 ба 9 январ дар ҷумҳурӣ  эҳтимолияти боридани барфи тар дар назар аст.  Ҳамчунин  11 январ  низ дар қисми зиёди  ноҳияҳои тобеи марказ,  вилоятҳои Хатлон  ва Суғд  боридани барфи на он қадар шиддатнок  пешгӯӣ мешавад»,- иброз дошт сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносӣ.

Бояд гуфт, ки давоми  моҳи январ  дар қисмати зиёди ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон барфи камшумори тар дар назар аст.    Қисматҳои  кӯҳӣ  сербориш  шуда,  боридани барф ба қайд гирифта шудааст.

Ба иттилои Ҷамила Байдуллоева, тибқи маълумоти Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносӣ   моҳи январ сербориш  пешгӯӣ шудааст. «Ин  пешгӯӣ боқӣ мемонад, зеро тибқи таҳлилҳо ҳақиқатан  дар қисми зиёди минтақаҳои тобеи марказ,  қисмати ғарбии вилояти Бадахшон, як қатор минтақаҳои кӯҳии вилояти Суғд ва доманакӯҳҳои вилояти Хатлон боришоти  аз меъёри муқаррарӣ зиёдтар  дар назар  дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво дар қисми зиёди минтақаҳо, аз ҷумла минтақаҳои кӯҳии тобеи марказ  ва ғарби Бадахшон ба меъёри муқаррарӣ наздик ё эҳтимолияти то як дараҷа сард  шудан дар назар аст.

Бояд гуфт, ки моҳи январи соли гузашта дар қисмати зиёди ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво  аз 1 то 2 дараҷа гарм буд.  Имсол низ ба меъёр наздик будани он пешгӯӣ шуда, нисбат ба соли 2018  то 1 дараҷа сард омадани ҳаво эҳтимолият дорад»,-гуфт Ҷамила Байдуллоева.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *