Ҳаво имрӯз намеборад
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13-18 ва рӯзона 6-11 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 28-33 ва рӯзона 13-18 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои бебориш дар назар буда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 7-12 ва рӯзона -4+1 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бебориш дар назар буда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 6-11 ва рӯзона -2+3 дараҷа сард мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 0-2 ва рӯзона 12-14 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ