Ҳаво имрӯз намеборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш  дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 17-22  ва рӯзона 5-10 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  32-37 ва рӯзона 16-21  дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ ба самти ғарб  3-8 ва дар баъзе минтақаҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2  ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо шабона 13-18 ва рӯзона 0-5 дараҷа сардӣ дар назар аст.

Дар вилояти Хатлон  низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво  шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона  2-7 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа сард  ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 11-16 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард мегардад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои  абрноки бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа сард  ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *