Ҳаво имрӯз намеборад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз  16  июн дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ карда шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво бебориш буда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +18+20 ва рӯзона +31+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда шуда, ҳаво шабона +9+ 11 ва рӯзона +26 +28 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба сати ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +17 +19 ва рӯзона +35 + 37 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Инчунин обу ҳаво дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бебориш пешгӯи  шудааст. Дар водиҳо шабона +14+16 ва рӯзона +32+34 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *