Ҳаво имрӯз намеборад, аммо
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Инчунин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 15-20 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд низ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -4+1 ва рӯзона аз 2 то 7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона -4+1 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок ва бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 ва рӯзона 7-9 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ