ҳаво имрӯз софу беғубор мешавад
Имрӯз дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳаво софу беғубор буда, ҳарорати шабона нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 2 дараҷа паст мефарояд. Ин гуна вазъи обу ҳаво то охири ҳафта идома хоҳад ёфт. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ додаанд.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 8+13, рӯзона 27-32 ва дар шарқи ин вилоят шабона 2-3 ва рӯзона +16+21 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +12+17 ва рӯзона +27+32 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво cофу беғубор пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +14+19 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +12 +17 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор пешгӯӣ карда шуда, шабона +14+16 ва рӯзона +32+34 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ