Ҳаво камабру бебориш мешавад
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар бештари ноҳияҳо фаромадани туман дар назар аст.
Имрӯз, 22 феврал дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, фаромадани туман пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-2 дараҷа ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи абрнок дар назар аст. Дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 15-20 дараҷа сард ва рӯзона 4-1 дараҷа гарм мегардад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, туман мефарояд. Рӯзона шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 2-4 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳарорат шабона 1-4 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи камабр дар назар буда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ