Ҳаво мирӯз намеборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда   дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  хабар додаанд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8-13 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  13-18,  инчунин то 22-24 ва  рӯзона аз 5-10 то 14-16  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб  ба самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона  аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8-13 дараҷа сард  шуда,  рӯзона  ҳаво аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  низ  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Танҳо дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ шабона барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 11-16  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа сард шуда, рӯзона 3-8  дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бебориш дар назар аст.  Шабона дар минтақаҳои кӯҳӣ барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона  7-12  дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар  кӯҳҳо  шабона 6-11 дараҷа сард шуда,  рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои  тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб  ба самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1 – 3 дараҷа сард шуда,  рӯзона 8-10  дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *