Ҳаво то 45 дараҷа гарм мешавад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, ҳавои гарм дар ҷумҳурӣ, ба истиснои шарқи ВМКБ то 20 июл боқӣ мемонад.  Ҳаво рӯзона дар вилояти Хатлон эҳтимол то 45, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд то 44, шаҳри Душанбе 43, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 37 дараҷа гарм шавад.  Дар ин гуна вазъи обу ҳаво ба сокинони кишвар тавсия дода мешавад, ки  дар зери нурҳои офтоб зиёд нагарданд. 

Тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво камабри  бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +38+43 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, ҳарорат шабона +14+ 19 ва рӯзона +31 +36 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои софи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +22 +27 ва рӯзона +40 + 44 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат шабона 19+24 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои софу беғубор шуда, шабона +20+22 ва рӯзона +41+43 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *