Ҷавоби Амрико ба ҳамлаи хакерони рус
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 35 дипломати русро аз Вашингтон ва Сан-Франсиско хориҷ ва алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ кард кард. Тавре гуфта мешавад, таҳримҳои нав алайҳи Русия дар заминаи ҳамлаи ҳакерӣ ба почтаи электронии Ҳизби демократ қабл аз интихоботи президентии моҳи ноябр дар Амрико амалӣ мешаванд.
Иёлоти Муттаҳида фаъолияти ду намояндагии дипломатии Русия дар Мэриленд ва Ню-Йоркро, ки ба гуфтаи мақомоти Амрико бо ҳадафи ҷамъоварии истихборот истифода мешуданд, низ манъ мекунад. Ба гуфтаи ББС, дастрасии дипломатҳо ба намояндагӣ соати 12-и шаби ҷумъа мамнӯъ мешавад.
Дипломатҳои «нон грата» бояд дар тӯли 72 соат қаламрави Амрикоро тарк кунанд. Таҳримҳо ба мансабдорони дигар аз панҷ муассисаи Русия, бо шумули Хадамоти амнияти федеролӣ (ФСБ) таъсир хоҳанд дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ