Ҳавои борони дар назар аст
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда ва дар бештари ноҳияҳо боридани борон ва барф дар назар дошта шудааст.
Имрӯз, 12 март дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани барфу борон дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 дараҷа ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда ва дар баъзе ноҳияҳо бориши борону барф пешгӯӣ шудааст. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 2-3 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 12-17 дараҷа сард ва рӯзона 1-4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда буда, борони кӯтоҳмуддат меборад ва баъзан ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барф дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар дошта шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ карда мешавад. Шабона 8-10 ва рӯзона 16-18 дараҷа гарм мешавад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ