Ҳавои номусоид ва таъсири он ба ҳосили деҳқон
Бознашр аз Ховар
Тӯли беш аз як ҳафта номусоидии вазъи обу ҳаво дар ҷумҳурӣ, аз гармии тоқатфарсо ҳалок гардидани одамон дар Покистон, обхезиҳои пай дар пай дар Федератсияи Россия ва дигар офатҳои табиӣ дар давлатҳои оламро метавон боз як далели тағйирёбии иқлими ҷаҳон дарёфт.
Тавре сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, дар ҷумҳурӣ шурӯъ аз 13 май инҷониб ҳаво номусоид омада, боридани борону жола ва ба амал омадани раъду барқ ба назар расид.
Ҷ. Байдуллоева сабаби асосии номусоидии вазъи обу ҳаворо дар ин давра пай дар пай дохилшавии ҳавои намнок аз тарафи уқёнуси Атлантика арзёбӣ карда, сабаби дигар онро ҳаракат кардани сиклонҳои гуногун аз тарафи ҷанубу ғарб ба ҳудуди Осиёи Марказӣ мепиндорад.
«Чунин вазъи обу ҳаво дар 20 соли охир, аз ҷумла, солҳои алоҳида -1998, 2002, 2005, 2009, 2010, 2012 ва 2014 низ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин солҳо ҳам пай дар пай то 8 рӯз боронҳои шиддатнок боридааст. Лекин вазъи обу ҳавои имсола дар муқоиса ба 20 соли охир қариб ки ғайричашмдошт омад. Зеро дар тӯли зиёда аз 14 рӯз пай дар пай, дар қисми зиёди ноҳияҳо борон борид, ки ин ғайримуқаррарӣ аст»,-афзуд Ҷ.Байдуллоева.
Бояд зикр кард, ки 17 май дар қисми ҷанубии вилояти Хатлон дар ноҳияи Панҷ то 36 миллитр борон борид, ки дар натиҷаи селфароӣ ба амал омад. Инчунин боришоти сахт дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Ёвон, Муъминободу Ховалинг ва дар шаҳри Душанбе то 20 милиметр боридани он ба қайд гирифта шуд. Дар қисматҳои ноҳияҳои Рашт низ боронҳои шиддатнок, ки баъдан боиси селфароӣ дар ин минтақаҳо гардид, ба назар расид. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ, аз ҷумла, 12 май дар ноҳияи Ишкошим то 55 миллитр боридани борон ба мушоҳида расид.
Аз рӯйи баъзе маълумоти фаврии дастрасшуда зимистони соли 2018 барвақтар омада, тӯлонӣ хоҳад шуд. Ин нуктаро ноиби Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷамол Саидов зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт.
Тавре номбурда иброз дошт, боронҳои рӯзҳои охир ба зироатҳои кишоварзӣ, боғу сабзавотворӣ, хусусан дар заминҳои лалмӣ киштшуда ва чароггоҳҳо таъсири мусбӣ мерасонад.
«Яке аз тадбирҳо оид ба пешгирӣ кардани таъсири манфии тағйироти обу ҳаво ин аз ҷониби кишоварзони мамлакат боришоти барвақтиро самаранок истифода бурдан аст. Онҳо бояд кӯшиш намоянд, то ки дар заминҳои бо зироати кишоварзӣ бандбуда захираи намиро зиёд намоянд. Яъне барои мисол 1 милиметр боришот баробар аст ба 1 литр об дар 1 метри мураббаъ ё дар 1 гектар агар ҳисоб кунем 10 куб ё 10 тон об мешавад. Дар баробари ин агар дар ин давра 10 милиметр боришот бошад, яъне 100 куб об дар як гектар ҷамъоварӣ шудаст»,-мегӯяд коршинос.
Ба андешаи С.Саидов кишоварзонро мебояд аз каналу ҷӯйборҳои байни хоҷагиҳо ҷоришаванда оби боронҳои ҷориро ба заминҳои кишоварзӣ ворид намуда, захираи намиро таъмин намоянд, ки барои ҳосилхезии хок ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ аҳамияти калон дорад.
«Ҳамзамон захираи намӣ ба кишти такрории зироатҳо низ таъсири мусбӣ мерасонад. Агар мо ин боронҳои рӯзҳои охирро самаранок истифода бурда бошем захираи як ё ду маротиба обмонӣ камтар мегардад. Дар ин ҳолат мо метавонем як ё ду маротиба обро дар фасли тобистон, айёми гармӣ камтар истифода барем»,- афзуд ӯ.
Ба иттилои мавсуф соли ҷорӣ то 40-50 фоиз аз сабаби камбориш омадани зимистони соли 2017-2018 захираи пиряхҳо кам шудаанд, ки таъсири манфии худро дар оянда мегузорад. Ба ин хотир иброз медорад ӯ, бояд кишоварзон ҳамчун мутахассис ин ҳолатро самаранок истифода бурда, тадбирҳои заруриро андешанд, то ҳосилнокиро зиёд намуда, сифати онро беҳтар намоянд.
Коршиносони соҳа бар он назаранд, ки соли равон барои хоҷагиҳои деҳқонӣ, кишоварзон ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ бояд соли бисёр пурсамар бошад. Кишварзонро мебояд ҳар як ваҷаб заминро бо самар истифода бурда, аз он гирифтани 2-3 ва 4 ҳосилро ба роҳ монанд.
Ба иттилои Агентии обу ҳавошиносӣ чунин вазъи обу ҳаво то 23 май дар ҷумҳурӣ давом карда, эҳтмолияти қатъ гардидани боришот аз 24 май пешгӯӣ мешавад. Аммо баъдан шурӯъ аз 27 май боз ҳаракати сиклонҳои навбатӣ дар ҷумҳурӣ эҳтимолияти боридани боронро ба миён меоранд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ