Ҷавон духтарро зад, милитсия диду чизе нагуфт (Видео)
Дар мавзеи Сирк милитсия телефон дар гӯш аз назди ҷавони бо духтар сар ба гиребон буда гузашт, ду –се маротиба нигоҳ карду гапзанон бо телефони худ роҳро давом дод. Ин боиси таассуф аст.
Кормандони сомонаи “Tajikistantimes.com” махсус дар байни сокинони пойтахт таҷрибаи иҷтимоиро гузарониданд, то бифаҳманд, ки мардум чи гуна таваҷҷуҳ мекунанд ва амал нишон медиҳанд.
Дар маркази пойтахт ҷавонписар духтарро мезад, вале ягон шахси роҳгузар аҳамият ва диққат намедод. Мардум аз дур тамошо мекарданд. Агар ҷавон духтарро зада мекушт ҳам кордор намешуданд. Танҳо кормандони мақомот, ки дар маркази шаҳр тартиботи ҷамъиятиро назорат мекунанд, яъне милитсияҳо монеъ ва бартарафкунандаи ин ҷанҷол шуданд.
Баъзеи занон ба ҷавон наълат хонданд, вале халос накарданд. Ҳамаги ду ҷавон дар ду мавзеъ ҷавони дар хархаша бударо аз духтар ҷудо карданд.
Дар мавзеи Сирк бошад, милитсия телефон дар гӯш аз назди ҷавони бо духтар сар ба гиребон буда гузашт, ду – се маротиба нигоҳ карду гапзанон бо телефони худ роҳро давом дод. Ин боиси таассуф аст. Баъзеи роҳгузарон мегуфтанд, ки шояд муносибати оилавӣ дошта бошанд, чаро ба онҳо халал расонем. Кор кори худашон…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ