Ҷавоне бо гумони куштори як духтари ноболиғ боздошт шуд

Дар ноҳияи Кемини вилояти Чӯйи Қирғизистон як ҷавони 20-соларо бо гумони куштори духтари 14-сола боздошт карданд. Дар ин бора Раёсати умури дохилии вилояти Чӯй хабар додааст.

Бино ба иттилои расмӣ, наздикони духтар 22 сентябр ба пулис муроҷиат карда гуфтаанд, ки ӯ 20 сентябр аз хона берун рафта, дигар барнагаштааст. Кормандони пулис дертар ҷасади вайро дар яке аз хонаҳои бесоҳиби шаҳри Кемин пайдо кардаанд.

Дар робита ба куштори духтар ҷавони 20-солаеро боздошт карданд, ки пештар чандин бор суд шудааст. Ба гуфтаи муфаттишон, ӯ 20 сентябр дар ҳолати мастӣ духтарро дар кӯча дида, бо истифода аз неру хостааст, ӯро таҷовуз кунад. Вале духтар муқобилият нишон дода, дар натиҷаи латукӯби шадид ҷон бохтааст.

Дар робита ба ин ҳодиса бо банди «Куштори одам» парванда боз шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *