Ҷавони 23 сола ҳамсолашро чаппа карда кушт

Рӯзи 2-юми июли соли 2017, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 23-солаи сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Ҳилолии н.Хуросон ба самти ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи А.Ҷомӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба ҷуқурии 65-метр чаппа кардааст.

Дар натиҷа худи ронанда ва мусофири 23-солаи сокини деҳаи Ҷовидони ҳамин ноҳия ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин, мусофирони дохили автомашинаи мазкур ду зани 23-сола ва писарбачаи 8-солаи сокинони ш.Душанбе ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *