Ҷавонон: Гирифторӣ ба бемории ВНМО 123 ҳолат зиёд шудааст
Дар вилояти Суғд 197 ҳолати гирифторӣ ба бемориҳои ВНМО/БПНМ дар байни ҷавонон ба қайд гирифта шудааст. Мирзоқосим Каримов сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд қайд кард, ки ба қайдгирии ин намуди беморӣ нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 123 ҳолат зиёд мебошад. Сардори Раёсат изҳори хушнудӣ кард, ки агарчӣ гирифторӣ ба бемории ВНМО зиёд шуда бошад ҳам, нашъамандӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон кам шудааст:
-“Хушбахтона, вазъи нашъамандӣ дар байни ҷавонон дар қиём бо соли гузашта кам шудааст. Нимсолаи соли 2017 182 ҳолат ба қайд гирифта шуда бошад, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 165 ҳолат қайд шудааст, ки 17 ҳолат кам мебошад”- зикр кард Мирзоқосим Каримов.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ