Ҷавонони ошиқ худро ба зери қатора партофтанд

Дар ноҳияи Ҷарқӯрғони вилояти Сурхондарёи Узбекистон ду ҷавоне, ки ошиқи якдигар буданд, худро ба зери қатор партофта ва худкушӣ карданд. Ба гуфтаи наздикон, хонаводаи духтар ба издивоҷи ин ду ҷавон мухолиф буд.

Б. К.-и 20-сола ва Г. К.-и 17-сола, сокинони деҳаи «Қумқишлоқ» шаби 9 ба 10 август дар ҳудуди ноҳияи Ҷарқӯрғон худро ба зери қатори борбаре партофтанд, ки дар масири Термиз-Қумқӯрғон-Тошканд ҳаракат мекард.

Як корманди пулиси роҳи оҳани вилояти Сурхандарё бо тасдиқи ин хабар гуфт, додситонӣ санҷиши ҳодисаро оғоз кардааст.

Яке аз фаъолони деҳаи «Қумқишлоқ», ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, ба худкушии ҷавонон норозигии падари духтар ба издивоҷи онҳо сабаб шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *