Ҷавонони телефондузд дастгир шуданд

 Бино ба иттилои ВКД Ба мақомоти милитсия ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Душанбе оид ба ҳодисаи ғоратгарӣ муроҷиат намудааст, ки 30-юми майи соли 2017, тахминан соати 22:00-дақиқа, шахсони номаълум дар кӯчаи Борбади пойтахт бо тариқи зӯроварӣ аз дасташ телефони мобилии тамғаи “Самсунг Галекси-3”-ро, ки арзишаш 2 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Восеъ ва се нафар ҷавонони 19-20-солаи сокинони шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд.
Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *