Ҳавопаймои “Somon Air” бо 8 соат таъхир ба манзил расид
Ҳавопаймои ширкати “Somon Air”, ки дар масири шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ва Сургути Русия парвоз анҷом медод, пас аз 8 соат таъхир дар фурудгоҳи шаҳри Сургут нишаст.
Мақомоти ин ширкат далели таъхирро ба мушкили нарасидани кислород дар салони ҳавопаймо маънидод карданд.
Дар гузашта низ парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкати “Somon Air” бо таъхир анҷом мешуд, ки ин амр боиси норозигии мусофирон ва интиқоди шадиди фаъолияти ширкат дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ гардид.
Масалан, дар бархе маворид парвозҳо ба Истамбул, Урумчӣ, Хуҷанд ва шаҳрҳои Русия бо таъхири аз 1 то 3 соат сурат мегирад.
Ширкати “Somon Air” феълан парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Туркия, Чин, Русия ва Қазоқистон анҷом медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ