Ҳавопаймои “Сомон эйр” баъд аз бонги хатар беосеб ба фурӯдгоҳи Душанбе нишаст

Таърихи 6 феврали соли 2019  тайёраи “Боинг  737 300”, ки марбут ба  ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”мебошад, ҳодисаи ногаҳонӣ рух дод ва тадбири пешакии пешгирӣ  аз хатари эҳтимолӣ андешида шуд.

Мутахассисоне, ки ба сомонаи “Tajikistantims” иртибот гирифтанд, изҳор намуданд, ки баъд аз ним соати парвоз ба фурудгоҳи Душанбе баргардонидани ҳавопаймо тадбири эҳтиётӣ буд. Ҳавопаймо метавонист дар ҳамин ҳолат парвозашро идома диҳад, аммо ба хотири он ки сиҳатӣ ва бехатарии мусофирон барои ширкат муҳимтар аст, тасмими бозгашт аз ҷониби сарнишини  ҳафопаймо қабул гардид. Сабаб — дар табло ба кор даромадани як  аломате, ки аз хатар пешакӣ огоҳи медод,  мебошад.  Ба ҳар сурат, бозгашт иқдоми эҳтиёткоронаи командири ҳавопаймо буд. Он метавонад иллати техникӣ бошад ё ғалати компютерӣ. Минбаъд аз он ки ҳавопаймо бидуни ҳеҷ мушкилоте аз ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргашт, ҳамчун  хатои компютерӣ арзёбӣ гашт. Ҳавопаймо, ки ҷониби Маскав, фурудгоҳи “Жуковский ” бо 128 нафар мусофирон парвоз дошт, нарм ба Душанбе фуруд омад. Ҳатто  мусофирон эҳсоси накарданд,ки дар ҳавопаймо чӣ гузашт. Минбаъд мусофиронро бо тайёраи дигар ба Маскав равон карданд ва тавре намояндагони ширкат ба хабарнигори  шумо изҳор намуданд, ин тадбири эҳтиётиро командири экипаж қабул намуд ва чунин амали ӯ аз рӯи тавсияест, ки дар чунин ҳолатҳо ба лётчикҳо дода мешавад.

А.АҲМАДЗОДА

«Тоҷикистон таймас»

ИЗҲОРОТИ ШИРКАТИ ҲАВОПАЙМОИИ «СОМОН ЭЙР»

 

Бо мақсади пешгирии паҳншавии маълумоти нодуруст ширкати ҳавопаймоии «СомонЭйр» иттилоъ медиҳад, ки имрӯз санаи 6-уми феврал дар ҳавопаймоиБоинг737-300, ки аз Душанбе ба самти Москва (Жуковский) ҳаракат дошт, ҳангоми парвоз норасоии техникии ҷузъӣба миён омад. Сарҳавонаварди ҳавопаймо мутобиқи дастурамали парвозӣ оиди баргаштан ба фурудгоҳ ва ивази ҳавопаймо қарор қабул кард. Ҳавопаймо бомувафаққият дар фурудгоҳи Душанбе фуруд омад.

 

Дар дохили ҳавопаймо128 нафар мусофирон ва 6 нафар аз ҳайати парвозӣ қарор доштанд ва аз онҳо нафаре осеб надидааст. Кулли мусофирон ҳамон замон  тариқи ҳавопаймои Боинг737-800 ба Москва таҳвил дода шуданд.

Ширкати ҳавопаймоӣ аз мусофирони хатсайри мазкур барои нороҳатии бамиёномада узр хоста қайд менамояд, ки амалҳои ҳайати парвозӣ ба хотири бехатарии мусофирон анҷом дода шуданд.

Айни ҳол ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон бомуваффақият иҷро мекунад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.

Хадамоти матбуоти

ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *