Авроқи ман аз ғуссаҳо ноланда шуд, афсӯс, во!
Шоира Олимова 22 июли соли 1995 дар рустои Метки ноҳияи Деваштич ба дунё омадааст. Соли 2017 факултаи филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Б. Ғафуровро хатм намудааст.
Муаллифи зиёда аз 15 мақолаи илмӣ буда, «Хамса»-и Хоҷуи Кирмонӣ (бо ҳаммуаллифии Б.Раҳматов ва О.Оқилов) ва «Мактаби Камол»-ро (бо ҳаммуаллифии Б.Раҳматов) таҳия намудааст.
Алҳол корманди илмии Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» буда, дар мавзӯи «Масъалаҳои поэтика ва матншиносии ғазалиёти Бисотии Самарқандӣ» таҳқиқот намуда истодааст.
Бирез, эй абриғам, эй абрихаста,
Пару боли хамӯширо шикаста.
Ба соҳоти дили мо шӯровар,
Ки аз ҳаҷрем лолу дамнишаста.
Вуҷуди нотавонаш ғарқи оҳаст,
Ба кунҷи сабр бошад пойбаста.
Бидеҳ ёде ту аз фасли шукуфтан,
Ки сар то по хазони ғамнишаста.
Алорағми ҳама андӯҳи олам,
Бирез, эй абр, борони хуҷаста!
***
Хастаам, ёди азизат меҳрубонӣ мекунад,
То дилам ором созад, қиссахонӣ мекунад.
Раҳ ба раҳ ёди туро гул мекунам дар ёди худ,
Орзуям ҳар замоне гулфишонӣ мекунад.
То нагардад огаҳ аз рози ниҳонам дигаре,
Афсари ёди ту ҳар дам посбонӣ мекунад.
Босилоҳи ишқ ин дил дар набарди ёдҳо,
Баҳри пирӯзӣ ҳамеша ҷонфишонӣ мекунад.
***
Борон ба пеши чашми ман шарманда шуд, афсӯс, во!
Ин ахтари гумгашта ҳам рахшанда шуд, афсӯс, во!
Дигар магӯ аз ғуссаи поринаи чун нории дил,
К-андар шаби торики ман тобанда шуд, афсӯс, во!
Аз боварӣ берун шуд ин ақли дупобишкастаам,
Дил пушти ақл омад, вале дилмонда шуд, афсӯс, во!
Аз қаҳр бо ҳиҷрони ту бас кашмакашҳо кардаам,
З-ин ҳарб дил чун бомбае тарканда шуд, афсӯс, во!
Дигар зи нӯки хомаам ғам мечакад бар ҷои шеър,
Авроқи ман аз ғуссаҳо ноланда шуд, афсӯс, во!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ