Аврупоӣ атласи тоҷикӣ мепӯшаду бонувони мо баръакс. Чаро?

Тариқи телевизион бонуе дидам, ки намояндаи кадом созмони бонуфузи хориҷӣ буд. Дар  ҳузури Сарвари давлати мо бо либоси аврупоии омехта бо атласи тоҷикӣ менишаст.

Бисёр хушнуд шудам, зеро ин маънои эҳтиром ба ин миллату марзу бум ва Президентро дорад. Либоси миллӣ яке аз рукнҳои хеле муҳими фарҳанги ҳар як миллат аст, аксари хонумҳои роҳбари мо либосҳои расмии сиёҳ мепӯшанд.

Гумони ғолиб он аст, ки ин либосро онҳое «расмӣ» номидаанд, ки либосҳои миллати хешро кайҳо аз даст додаанд. Бисёр мехоҳам ҳама бонувони фаъол дар маҷлису маҳфилҳо либосҳои сифр миллӣ ба бар карда,  барои дигарон намунаи ибрат гарданд.

Чанд соли охир тариқи симою садо ва расонаҳои хабарӣ аз он ки  ҷавонони мо, хоса бонувон ба либоспӯшии бегонаҳо тақлид карда, ба қавле сатру ҳиҷоб ба бар мекунанд, бонги изтироб мезананд. Вале акнун дер шудааст, пеши ин селобро замоне бояд мегирифтем, ки сериали «Жади» сертамошотарин филми мардуми мо буду баъд аз он бозорҳои кишвар пур аз рӯймолу куртаҳои «Жади» шуд! Не, он вақтҳо мо ин масъаларо «майда — чӯйда» ҳисоб мекардем, бехабар аз он ки гаравидан ба фарҳанги ғайр аз чизҳои ба назари мо майда — чӯйда оғоз меёбад.

Тоҷикистон иқтисоду қувваҳои қавии ҳарбие надорад, ки мамлакатҳои худро соҳиби сайёра дидан мехоҳанд, аз  он тарсанд. Моро ана ҳамин хел маънаван ба таслим шудан тайёр мекунанд…  Мутаассифона, вақте аҳли як ҷомеа худро ба дасти ҳавою ҳавас месупорад, вақте маънои ҳаёти фарҳангӣ яксара ба тамошои филму сериалҳои хориҷӣ, шоу-барномаҳои бемаънию саргармкунанда маҳдуд мешаваду санъату ҳунари бегонагон халои маънавии моро пур мекунанд, маънавиёт ва фарҳанг дар хатар қарор мегирад.

Имрӯз низ мардуми мо мухлиси ашаддии сериалҳои туркӣ ҳастанд, ин мухлис буданро дар либоспӯшии бонувони тоҷик баръало мушоҳида мекунем. Дар Тоҷикистон тарроҳони зиёде ҳастанд, ки даъвои меросбариии либоси миллӣ мекунанд, вале то ҳол натиҷаи меҳнаташон маълум нест.

Яъне, мо маҳсули меҳнати онҳоро дар тани ҳамватанони худ намебинем. Боре дар як барномаи телевизионӣ дар ин бора ибози назар кардаму димоғи як корманди Кумитаи занҳо аз ман сахт сӯхт, ки меҳнати тарроҳонро нодида мегирам… Бовар кунед, ман ҳаргиз ба ҳунару заҳмати нафаре аз пушти панҷа наменигарам, аммо он чиз ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест…

Лолаи Саидакбар

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *