Аврупо малаххӯриро иҷозат дод

Дар Аврупо аз орди малах таҳияи маҳсулоти нонӣ расман иҷозат дода шуд ва ҳоло ба қавле мӯд шудааст.

Мутахассисону муҳаққиқони саноати хӯрокворӣ исботи илмӣ намудаанд, ки таркиби орди малах моломоли протеин аст. Айни замон 1 кг орди мазкур 137 евро арзиш дорад. Даҳҳо соҳибкорон дар саросари Аврупо пайи таҳияи фермаҳои малахпарвариянд.

Барои тавлиди 1 кг орд 10 000 малахро бояд қурбон кард. Дар омади гап, дар шариати ҳамаи динҳо ин ҳашаротро ҳалол, тиби мардумӣ хӯрдани онро ба чандин касалиҳо даво медонад. Аз ҷумла дар «Канзи шифо» омадааст:

«Малах — ин ҷонвар (ҳашарот) ба ҳама маълум мебошад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани малах қуввати боҳ мебахшад, баданро аз ахлоти ғафсгашта пок мекунад, бемориҳои қасабаи шушро ба ибро меоварад; чакмезакро шифо мебахшад. Дувоздаҳ адад малахро бол, пой ва сари онро канда дур намуда, бо 3,5 грамм кӯфтаи самари хушки мӯрд ё кӯфтаи барги хушки он бихӯранд, истисқоро (водянкаро) дафъ месозад; инчунин барои иллати махав фоида мебахшад. Малахро бо пойҳояш кӯфта бимоланд, озах, доғи кунҷидак ва қӯтури пӯстро дафъ менамояд, хусусан сӯхта, бо сирко сиришта бимоланд, қавитар мегардад. Даруни зочаи тухмашро кӯфта, ба доғи кунҷидак бимоланд, онро дур месозад. Малахи фарбеҳи беболи онро бирён карда бихӯранд, барои каждумгазида нафъ дорад».

Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР

(Ориёмеҳри Зардушт)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *