Австрия ҳаракати қатораҳояшро ба Италия манъ кард
Австрия ҳаракати қатораҳояшро ба Италия тавассути гузаргоҳи Бреннер дар Алп манъ кардааст. Дар ин бора ширкати федералии роҳи оҳан дар Твиттераш хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манба ҳаракати қатораҳо тавассути Бреннер тибқи ҷадвал бояд 24 феврали соли 2020 анҷом меёфт, аммо бо сабаби хуруҷи каронавирус дар Итилия ҳаракатҳо ба ин кишвар бекор карда шуд.
Ширкат эълон намудааст, ки мусофиронеро, ки чиптаи ин сафарро харидаанд метавонанд маблағашонро бозпас гиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ